Тавре мушоҳидаҳо собит менамояд, ки имрӯз роҳбарияту як гурӯҳ ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва думраваш Гуруҳи -24 дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, фаъолияти тахрибии худро бар зидди кишвари мо идома дода истодаанд. Лозим ба ёдоварист, ки воқеан таъсиси ТТЭ ҲНИ лоиҳаи кишварҳои хориҷӣ буда, ҳадаф ташкили давлати теократӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба шумор меравад. Ҳанӯз солҳои 90-уми қарни гузашта роҳбарияту аъзоён наҳзсатиён дар якҷоягӣ бо хоҷагони ҳориҷиашон ҳадафи стратегии худро муайян намудан ва ба мағзшӯии мақсадноки ҷомеа даст зада, дар тамоми ҷумҳурӣ ячейкаҳои хуфтаи худро ташкил кардаанд. Бояд қайд кард, ки он вақт наҳзатиҳо қаноти ҷангии худро бо номи “Наҷоти Ватан” таъсис дода, ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, олимон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, умуман равшанфикрону ашхоси содиқ ба Ватанро ваҳшиёна ба қатл расониданд, ки далели ин гуфтаҳо бо шоҳидони воқеӣ ва бо намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” бо далелҳои раднашаванда тасдиқ шудааст.
Дар зарфи 30 соли охир беш аз 1000 нафар ҳаммаслаку думравони ТТЭ ҲНИ дар давлатҳои ба ҳамагон маълум омодагии махсуси террористӣ-диверсионӣ гирифтаанд.ТТЭ ҲНИ танҳо нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Русия, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат менамуданд 46 маротиба амали террористӣ содир намуд. Инчунин даст доштани ТТЭ ҲНИ дар содир намудани беш аз 560 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 86 амали террористӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ содир гардида, беш аз 100 шаҳрвандони хориҷӣ кушта шуданд,.Баробари ин бояд қайд кард,ки 800 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ бо ҷурми алоқамандӣ бо ташкилотҳои террористи-экстремистӣ дастгир шудаанд. Хулоса, мисолҳо хеле зиёданд, ки бо далелҳои амиқ исботи худро ёфтаанд.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд намудан зарур аст, ки имрӯз бо дарназардошти маводҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳлилҳои асоснок роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва думравонаш Гуруҳи 24 боз чун солҳои 90-уми асри гузашта ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани Истиқлолияти сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримилли намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад. Рафтору гуфтор, умуман баромадҳои ифротии роҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бори дигар собит месозад, ки ҳаммаслакону думраваш Гуруҳи 24 дар макотиби мазҳабии хориҷӣ усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ корҳоро идома дода истодаанд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки имрӯз кишвари Тоҷикистон ба мисли солҳои 1991-1992 мелодӣ нест, ки ҳар касу нокас ҳарчи хост кардан гирад. Алҳол пояҳои ин давлат ниҳоят қавӣ ва устувор мебошад, ки ифтихори ҳар як шаҳрванди худогоҳ аст. Воқеан, таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Д. Шарипов ,
устоди ДИС ДДТТ