ТТЭ ҲНИ – ташкилоти нотавонбинон

Истиқлолият ормони абадии ҳар як миллати худшиносу худогоҳ буда, таконбахши рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ мебошад. Тавассути соҳибистиқлолӣ миллатҳо имкон пайдо мекунанд, ки фарҳангу тамаддуни худро тақвият бахшида, нақши босазои худро дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ гузоранд.

Инак, 29 сол аст, ки мо дар фазои сулҳу субот зиндагии осоишта  дорем. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон имрӯз яке аз падидаҳои эътирофшуда ва пазируфта буда, ҷаҳониён онро ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф кардаанд.

Мутаассифона бархе аз гурӯҳ ва афроди ҷомеа ба дастовардҳои замони Истиқлолият нарасида, ба бадномкунӣ ва тӯҳмату дурӯғгӯи машғуланд. Аз ҷумлаи ташкилоти террористию экстремистӣ ҳизби наҳзат аст, ки фаъолияташ  иғвоангезию дурӯғгуӣ асту халос.

Хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум гардидааст ва халқи тоҷик амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро шадидан маҳкум менамояд. Зеро то имрӯз ба ҳамагон маълум гардидааст, ки фаъолияти ҳизби наҳзат фақат иғоварию тӯҳмат ва вайронкорӣ аст. Яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди  ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи бемон мебарад. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумлаи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки фаъолияти он иғвоангезию дурӯғгӯист.

Солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷанги шаҳрвандӣ ва фурсати ба дастомада намояндагони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом тавонистанд манфиатҳои ғаразноки худро истифода намоянд.Террористони наҳзатӣ мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кӯшишашонро барои амалӣ сохтани амалҳои ғайриқонунии худ равона намуданд.

Хиёнату фиреб ва найрангҳои ин ташкилоти террористию экстремистӣ зиёданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳизби наҳзати ислом бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад. Нисбати аъзоён ва тарафдорони ҳизби наҳзати ислом  ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ лаънат хонда фаъолияти онро шадидан маҳкум менамоем.

Ҳусаинова М.К.- омӯзгори кафедраи

 тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *