ТТЭ ҲНИ-ташкилоти хиёнаткорро мардум намебахшанд!

 

Вақтои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону ҳаммаслакони ташкилоти террористию экстремисти ҲНИ аз сабаби дарки заъифи худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охирин” ва минбари беминнат” сӯистифода мекунанд.

Кабириву ҳаммаслаконаш дарк карданд, ки ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТЭТ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.

Кумакрасонону пуштибонони ТТЭ ҲНИ то ба имрӯз ин ҳизби терористиро маблағгузорӣ мекунанд, то садое пур аз ҳақорату таҳдиду таҳқиру интиқомситониро баланд намоянд. Аз гуфтори инҳо бармеояд, ки аллакай косаи сабрашон лабрез шудааст ва бар ивази маблағҳои додаашон ташаннуҷи авзоъро дар минтақа талаб доранд. Ҳамаи ин ба хотири манофеи шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани аҳдофи хушунатбор асту бас. Зеро аз хориҷ идора мешаванд ва талабу хостаҳои онҳоро иҷро мекунанд. Гуфтаҳову хостаҳои ТТЭ ҲНИ дигар ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад, зеро он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Танҳо ҳарфу суханҳои бо макр олудаи наҳзат аст. Ҳамаи гуфтаҳои ғаразнок ва пур аз хусумат аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзати исломӣ аввалан, аз таҳлили илмии масъала фарсахҳо дур буда, танҳо дар чорчӯби кашидаи аҷнабиён ҳарф мезанад ва амал мекунад.  Аксари намояндагону роҳбарони созмони экстремистию террористии ҲНИ аз ҷумлаи афроди авомфиреб ва тафриқаандоз буда, дар байни мардум ҳамин шуғл доштаанду доранд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамин вокуниши бесарупои ин созмон буда, ки сомон медиҳанд. Зеро онон ба рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ ва ғайриисонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз ин одати бад даст бикашанд

Чун амалҳои пасипардагии ин разилон бори дигар рӯиросту пинҳони бо супориши хоҷагони хориҷиашон сурат гирифт, бо хоҳиши ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон соли 2015 ҳизби наҳзати Ислом бо қарори Суди Олии кишвар ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Мо, халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъона бар зидди кирдорҳои душманонаи наҳзатиён ва дигар пайравони онҳо, бар зидди ғояҳои ифротгаронаи онҳо муборизаи беамон бурда, дар ҳимояи сохтори конститутсионии кишвари азизамон камари ҳиммат мебандем. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, сиёсати сулҳовару инсондустона, маорифпарваронаву хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз пештара дида бештар аҳлу тифоқу муттаҳид гардида, барои гулгулшукӯфоии Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Қобилова Н.Ю

 ассистенти кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерӣ, 

         таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *