ТТЭ ҲНИ – ТАШКИЛОТИ ХИЁНАТКОР

Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъан давлати  дунявӣ мебошад. Мувофиқи муқаррароти моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Мафкураи ҳеҷ як ҳизб иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё гуруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонад. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад, манъ, аст”.

Чунин кафолатҳои ҳуқуқӣ ҳастанд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони динҳои гуногун дар фазои озоди сиёсӣ кору зиндагӣ мекунад ва ҳеҷ гуна низоъҳои динӣ, нажодӣ, миллӣ ва ғайра миёни онҳо вуҷуд надорад.

Агар мо бевосита ба мафҳуми калимаи наҳзат назар афканем, ин калима аз забони арабӣ гиририфта шуда, маънои аз нав зинда сохтанро дорад.  Вақте, ки роҳбарони ҳизби наҳзат ба ҳизб чунин ном гузоштанд ба кадом хотир буд? Агар онҳо мақсад дошта бошанд, ки исломро аз сари нав зинда созанд ин ба ақли солим рост намеояд. Чунки дини ислом зиёда аз 1500 сол шудааст, ки зинда мебошад ва зинда хоҳад монд. Ҳиссиёти зиндаро аз сари нав зинда намудан ин танҳо ҳиллаю найранг мебошад. Соҳибони ҳизб номи ҳизби наҳзатро ба хотире намондаанд, ки ҳизб ба дини ислом хизмат расонад, ин номро ба он хотир мондаанд, ки дини ислом ба ҳизби “ифротии”онҳо хизмат намоянд.

Аммо ғаразҳои сиёсии ТЭТ ҲНИ, ки ба манфиатҳои геосиёсии хоҷагони хориҷии худ алоқаманд мебошад, ҳамаи ин дастовардҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро наметавонист бинад. Дар ниҳоят ТЭТ ҲНИ моҳи сентябри соли 2015 бо дастаи Ҳоҷиҳалим Назарзода, ки дар он вақт вазифаи муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, хост дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ амалӣ созад, аммо ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Овози баланди мардуми мо “Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”-пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳеҷ вақт ба мақсади худ нахоҳанд расид. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта бо Қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ карда шуд ва он чун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон гардид. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гуруҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии азизамон саҳми худро гузорем.

Маҳмудов Шаҳзод
ассистенти кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *