ТТЭ ҲНИ – ТАШКИЛОТИ ХИЁНАТКОР

Вақтҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону ҳаммаслакони ташкилоти террористию экстремисти ҳизби наҳзатиислом (ТТЭ ҲНИ) аз сабаби дарки заъифи худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охирин” ва минбари беминнат” сӯистифода мекунанд.
Кабириву ҳаммаслаконаш дарк кардаанд, ки ТТЭ ҲНИ ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТТЭ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Кӯмакрасонону пуштибонони ТТЭ ҲНИ то ба имрӯз ин ҳизби терористиро маблағгузорӣ мекунанд, то садое пур аз ҳақорату таҳдиду таҳқиру интиқомситониро баланд намоянд. Аз гуфтори инҳо бармеояд, ки аллакай косаи сабрашон лабрез шудааст ва бар ивази маблағҳои додаашон ташаннуҷи авзоъро дар минтақа талаб доранд. Ҳамаи ин ба хотири манофеи шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани аҳдофи хушунатбор асту бас. Зеро аз хориҷ идора мешаванд ва талабу хостаҳои онҳоро иҷро мекунанд. Гуфтаҳову хостаҳои ТТЭ ҲНИ дигар ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад, зеро он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Танҳо ҳарфу суханҳои бо макр олудаи наҳзат аст. Ҳамаи гуфтаҳои ғаразнок ва пур аз хусумат аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзати исломӣ аввалан, аз таҳлили илмии масъала фарсахҳо дур буда, танҳо дар чорчӯби кашидаи аҷнабиён ҳарф мезанад ва амал мекунад.
Хамммаслакону пайравони ТТЭ ҲНИ аз ҷумлаи афроди авомфиреб ва тафриқаандоз буда, дар байни мардум ҳамин шуғл доштаанду доранд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамин вокуниши бесарупои ин созмон буда, ки сомон медиҳанд. Зеро онон ба рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ ва ғайриисонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз ин одати бад даст бикашанд.
Fаразҳои сиёсии ТТЭ ҲНИ, ки ба манфиатҳои геосиёсии хоҷагони хориҷии худ алоқаманд мебошад, ҳамаи ин дастовардҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро наметавонист бинад. Дар ниҳоят ТТЭ ҲНИ моҳи сентябри соли 2015 бо дастаи Ҳоҷиҳалим Назарзода, ки дар он вақт вазифаи муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, хост дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ амалӣ созад, аммо ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Амалҳои пасипардагии ин разилон бори дигар рӯиросту пинҳони бо супориши хоҷагони хориҷиашон сурат гирифт, бо хоҳиши ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон соли 2015 ҳизби наҳзати Ислом бо қарори Суди Олии кишвар ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.
Мо халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъона бар зидди кирдорҳои душманонаи ТТЭ ҲНИ ва дигар пайравони онҳо, бар зидди ғояҳои ифротгаронаи онҳо муборизаи беамон бурда, дар ҳимояи сохтори конститутсионии кишвари азизамон камари ҳиммат мебандем.Бояд гуфт, ки дар воқеъ таъмини амният ва субот ва ҳифзи сулҳу оромӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсат ва барномаи давлати Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳама гуна барномаи тавсеъа ва пешрафт, дар ҳар соҳа ва самте, ки набошад, танҳо дар бистари сулҳу субот ва амнияту оромиш қобили иҷро мебошад. Ҷомеаи Тоҷикистон, ки як давраи ҷангӣ дохилии панҷсоларо пушти сар гузоштааст, ба сулҳу субот ва амнияту оромиш арҷ мегузорад ва бо ҳар василае талош мекунад, то сулҳу суботи барқароргаштаро ҳифз кунад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон хуб медонад, ки гирдиҳамойӣ ва носазогӯии онҳо муғризона ва аз рӯи ҳасад мебошад. Зеро Тоҷикистон ҳоло тинҷу ором ва мардумаш сарҷамъ буда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат кишвари соҳибистиќлоли мо рӯз то рӯз ободтар мешавад.

Н. ⱩОБИЛОВА,
ассистенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерӣ,
таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *