ТТЭ ҲНИ ТАШКИЛОТИ ХИЁНАТКОР

Дар замони муосир терроризм ва экстремизм барои тамоми давлатҳои дунё яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Дарвоқеъ пайдо гардидани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ барои амнияту суботи тамоми давлатҳои дунё хатари воқеиро ба миён овардааст.

      Давлатҳои дунёро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои террористӣ муттаҳид бошанд ва барои пешгирӣ намудани ин амалҳои номатлуб аз тамоми имконият истифода намоянд. Зеро терроризм ва экстремизм новобаста ба ҳудуд ва минтақа мумкин аст барои тамоми инсоният таъсири манфӣ расонад.

     Яке аз масъалаҳои ташвишовар ва доғи рўз ин масъалаи амалҳои террористӣ ва экстремистии гурўҳҳои наҳзати исломӣ мебошад.

     ТТЭ ҲНИ аз ҷумлаи ташкилотҳои террористӣ ва амалу фаъолияташ барои ҷомеаи инсонӣ хавфнок мебошад. Зеро то имрўз аз ҷониби ин ташкилот ҷиноятҳои зиёд содир гардидааст ва чандин нафар ба доми фиреби он афтодааст.

     Хуб шуд, ки ин ташкилот бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон гардид ва содир намудани ҷиноятҳои минбаъдаи аъзоёни ташкилот пегирӣ гардид.

      ТТЭ ҲНИ ба хубӣ дарк мекунад, ки дигар ҳеҷ қишре аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифротгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад. Зеро ҳама аллакай дарк намуд, ки ҳизби наҳзат амалаш фақат  қатлу куштор ва вайронкорӣ аст. Наҳзатиён аз содир кадани ҷиноятҳои сангини террористӣ даст накашиданд.

      Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ороми ҷомеаи моро тира месозанд. Аммо ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик хиёнату ҷиноятҳои содирнамудаи наҳзатиёнро фаромўш намесозад ва ба ин ташкилоти террористӣ ҳеҷ гоҳ бовар намекунад.

     ТТЭ ҲНИ дарвоқеъ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ аст ва фаъолияташ  бадномкунӣ ва иғвоангезию ҷинояткорист.  Аз ин рў мо фаъолияти онро шадидан маҳкум мекунем.

      Мақсади мо омўзгорон он аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандўстӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳҳои иғвопеша ва ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ нагарданд.

     Бо мақсади пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизм мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўи чорабиниҳоро амалӣ намуда истодааст.

Ҳамроев Бахтиёр Абдунабиевич
муаллими калони кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *