ТТЭ ҲНИ ташкилоти фитнаангезу дурӯғгӯй

    Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Терроризм ва экстремизм хатари танҳо як давлат набуда, он ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсир намуданаш мумкин аст.

Имрӯзҳо ташкилоту гурӯҳҳое ба миён омадаанд, ки мехоҳанд ба амнияти давлату ҷомеа хатар эҷод намоянд. Ба ин қатор ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзатро ном бурдан зарур аст, ки ба иғвогарию фитнаю дурӯғ машғул аст.

Имрӯзҳо ин ташкилоти дар воқеъ террористӣ берун аз қаламрави мамлакат ба бӯҳтону дурӯғ машғул буда, нисбат ба зодгоҳу ватани худ хиёнат намуда истодааст.

Махсусан Кабирӣ собиқ раиси ҳизби наҳзат дар хориҷи мамлакат қарор гирифта, дар васфи ватану миллати худ бӯҳтону дурӯғ ва хиёнат намуда истодааст.

Тамоми мардуми шарифи тоҷик нисбати ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат нафрат доранд ва фаъолияти пинҳонкорию фитнаангезии онро маҳкум менамоянд.

Барои ҳар яки мо сулҳу субот ва оромӣ аз ҳама ганҷи дунё беҳтар аст ва ҳеҷ нохалафе наметавонад дигарбора фикру ақидаи мардумро вайрон созад.

Мо аҳли кормандони соҳаи маориф тамоми кӯшишу заҳмати худро барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон равона намуда, дар навбати худ барои пешрафту ободии ин Ватани азиз аз сидқи дил хизмат менамоем.

Ҳамагуна ташкилотҳои иғвоангезу фитнакор, аз ҷумла ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзатро маҳкум мекунем.

                                                                                           Ҳусаинова М.К.

                                                                                ассистенти кафедраи 

                                                                              тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *