ТТЭ ҲНИ -ТАШКИЛОТИ ФИРЕБГАРОН

 

ТТЭ ҲНИ яке аз ташкилотҳои террористию экстремистӣ аст, ки ҷонибдоронаш ба тӯҳмату дурӯғгӯӣ машғуланд. Роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ бояд ҳаминро дар хотираш нигоҳ дорад, ки мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фирефтаи ғаразҳои ТТЭ ҲНИ намегарданд.

Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки М.Кабирӣ як хиёнаткор ва мақсади ғаразнок дорад. Имрӯз ӯ боз чун солҳои қаблӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба тӯҳмату дурӯғгӯӣ машғул шуда, мехоҳад фикру ақидаи дигаронро вайрон созад. Аммо барои ҳамагон маълум аст, ки М.Кабирӣ як шахси дурӯғгӯ ва хиёнаткор аст.Амалҳои хиёнаткорнаи Кабирӣ дар филми мустанади «Хиёнат» бори дигар аёну тасдиқ шуд.

Таъкидан Кабириро хотиррасон менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талқин мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳар як нафар шаҳрванд дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад. Аммо Муҳиддин Кабирӣ бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбони манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудааст.

Мо амалҳои хоинона ва зишти ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум шадидан маҳкум намуда, дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем,ки барои ҳар яки мо Истиқлолияту озодӣ неъмати бузургу муқаддас аст. Дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, эҳёву рушди соҳаҳои саноат, энергетика  ва бунёди дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим шароити муносиби зиндагиро барои сокинон фароҳам овардааст.

Маҳз Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро сарҷамъу муттаҳид гардонид.

Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашни шукӯҳманди Истиқлолият қарор дорад. Инак 30 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, сиёсати иқтисодиву иҷтимоии хешро мустақилона пеш мебарад.

 

                                                                                 БУРҲОНОВ С.,

                                                                           ассистенти кафедраи тиҷорат 

                                                                                    ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *