ТТЭ ҲНИ – ТАШКИЛОТИ БАДХОҲУ ҶИНОЯТКОР

            Терроризм яке аз хатарҳои воқеиест ки метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид намояд. Амалҳои террористӣ хатарноку оқибатҳои нохуш дорад. Шурӯъ аз садаи XX1 то имрӯз чандин ҳодисаҳои террористию зӯроварона аз ҷониби  гурӯҳҳои  террористӣ дар гӯшаю канори гуногуни дунё содир карда шуданд, ки дар натиҷа чандин нафар қурбони он гаштанд. Бинобар ин имрӯз тамоми давлатҳои дунёро зарур аст, ки дар ҳамҷоягӣ бар зидди амалҳои террористию экстремистӣ муборизаи беамон баранд. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли муборизабаранда бар зидди терроризм ва эктремизм ба ҳисоб меравад. Воқеан мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ҳар роҳу восита кӯшиш менамуданд, ки ба амният, оромӣ ва сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид намоянд. Аз зумраи ҳамин гуна гурӯҳҳо ТТЭ ҲНИ ба ҳисоб меравад, ки дар давоми фаъолияташ якчанд амалҳои террористӣ содир намудааст. Дар робита ба ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар филми мустанади «Хиёнат» бо далелҳои раднашаванда амалҳои номатлуби наҳзатиён, бахусус Кабирӣ бори дигар ба ҳамагон аён гашта, тасдиқи худро ёфт.

Имрӯз бештари собиқ аъзоёни ҲНИ, аз ҷумла Кабирӣ дар Аврупо қарор доранд ва аз ғояҳои ифротии худ, даст накашида, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда истодаанд. Онҳо ҳарчанд худро таҳаммулпазир вонамуд мекунанд, ки гӯё танҳо бо роҳи демократӣ фаъолият мекарда бошанд, аммо ин ҳама фиребу найранг аст. Ҳама нобакорони наҳзатиён, бахусус суханҳои Кабирӣ барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад.

Наҳзатиён набояд аз минбарҳо садо баланд кунанд. Чунки амалу андешаи наҳзатиён барои мо ҳамон босмачӣ, хоин ва миллатфурӯш аст. Бинобар ин нагузорем, ки бадхоҳу ҷиояткор Кабирӣ ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.

ЗАРИПОВА Г.С.,

ассистенти кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқ     

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *