ТТЭ ҲНИ – ТАЛҚИНГАРИ МАҲЗАБИ БЕГОНА ВА ХОИНИ МИЛЛАТ

Имрӯз ҳангоме, ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум умр ба сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон конунҳои давлатиро қатъиян риоя намоянд. Вале, мутаассифона, ҳастанд ҳизбу равияҳои ифротӣ, ки манфиати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошта, хиёнат ба ватану миллат мекунанд. Чунончӣ, собиқ аъзоёни ҲНИ баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки хоҷагони худ мамлакати моро ба низоъву зиддият кашиданд. Барои наҳзатиён  манфиатҳои милливу давлатӣ вуҷуд надорад. Ҳамарӯза хиёнату ҷинояти собиқ аъзои ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварону пайравони наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, мехостанд, онро ба сари мардуми мо бор созанд. Ин аст, ки роҳбарон ва бештари аъзоёни собиқ ҲНИ мазҳаби аҷдодии  худро фурӯхта, ғуломи мазҳаби бегона шуданд.  Баробари ин бояд ёдовар шуд, ки то манъ шудани фаъолияти ҲНИ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки асосан фарзанд ва хешу табори собиқ аъзоёни ҳизб  дар мадрасаҳои динии Эрон таҳсил намуда, мазҳаби шиаро қабул намудаанд. Манбаъҳои эътимоднок тасдиқ мекунанд, ки беш аз 480 нафар фарзандон ва хешу табори собиқ аъзои ҲНИ дар мадрасаҳои динии Қум ва Гургон дар назди домуллоҳои мазҳаби шиа дарс хондаанд. Воқеан роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб аст, ки аъзо ва муовини раиси ҳаракати ҷаҳониёни шиаён шуд. Ҳамаи ин далелу ҳақиқатҳо нишон медиҳанд, ки роҳбару аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Номҳои оилавӣ, гапу шиорҳо, рафтору амал, ҷойи хондан, паноҳгоҳ, макони зиндагии назҳатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии худ даст кашида, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд.

Баъд аз фош намуда амалҳои хоинонаи наҳзатиён дар  хориҷи кишвар паноҳ бурда, барои халалдор намудани ҷомеаи ороми Тоҷикистон нақшаҳои нопоки худро мехоҳанд тарҳрезӣ кунанд.Вале ин амалҳои нопоки  онҳо баръакс халқи моро бештар муттаҳид месозанд ва бар зидди хоинони  миллат бештар муборизаи қавӣ мебаранд. Ин ҳама пешрафту тараққиётро дида, саркардагони ТТЭ ҲНИ ба тахлуқа афтодаанд. Наҳзатиён медонанд, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон иҷрои нақшаҳои таъминоти иҷтимоию давлатро вусъат бахшида, зиндагию рӯзгори мардумро боз ҳам гуворову шоиста месозад.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида, бояд ҳамаи мо – омӯзгорону устодон симои аслии ифротгароии ТТЭ ҲНИ-ро  нишон диҳем. Арзишҳои милливу давлатӣ ва динии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намоем.  Дар замири онҳо омӯзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем. Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати илоҳӣ эҳтиром гузошта, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамраъй ва ҳамкор бошем.

 

  МАНОНОВА Р.,

дотсенти кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *