ТТЭ ҲНИ – ТАБЛИFГАРИ АҚИДАҲОИ ИФРОТӢ.

Имрӯз аз муҳити озод ва афзалиятҳои шабакаҳои интернетӣ ҳизбу равияҳо ва созмонҳои ифротӣ ба таври васеъ истифода бурда, ақидаҳои ифротии худро паҳн намуда истодаанд.Онҳо бо ин роҳ асосан ба рӯҳия ва мафкураи ҷавонон таъсир расонда, онҳоро ба амалҳои террористию ифротгароӣ ҷалб менамоянд. Масалан роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ тариқи барномаи «Паймони миллӣ…» худро “ҳақиқатпар ва сиёсатмадор” нишон дода, бо пеша намудани ақидаҳои ифротӣ нисбати давлату миллат суханҳои беасос изҳор медорад. Воқеан дар гузашта ва ҳоло низ андешаҳое дар расонаҳо матраҳгардида, асоснок шудаанд, ки аз ҷониби пайравони ТТЭ ҲНИ таҳдидҳо ба ҷомеа ва давлату миллати тоҷик ҷой дорад. Роҳбарият ва пайравони ТТЭ ҲНИ мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқеъгирӣ ва тафсирҳои авомонаву муғризонаи раёсати шӯрои фирории ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бо номи шӯрои Паймони милли.. (калимаи Тоҷикстонро зарур намешуморем) намоён шуда, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад.

Ҳадафаш аён аст, ки раҳбарияти кунунӣ ва пайравони ТТЭ ҲНИ бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт вазъияти кишварро бад карда, мардумро мехоҳад гумроҳ намояд. Акнун бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир, аз ҷумла авзои имрӯзаи Афғонистонро истифода бурда, нақшаи разилонаи навбатиашро амалӣ созад.

Бинобар ин, набояд фаромӯш кард, ки имрӯз терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва умуман ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Имрӯз ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи  ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк кунанд. Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Дар интиҳо андешаи хешро ҷамъбаст намуда, иброз медорем, ки мо  нисбат ба дирӯза имрӯз тамоми кӯшишу ғайратамонро барои он равона менамоем, ки дастпарваронамон дар оянда шахси солимақида, ватандӯсту меҳанпараст гардида, чун мутахассисони варзида ба кишвари худ хизмат намоянд.

Р.МАНОНОВА ,

дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *