ТТЭ ҲНИ – САРЧАШМАИ ТАҲДИДИ ИТТИЛООТӢ

             Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки гурӯҳҳои террористӣ сол ба сол барои амалӣ намудани аҳдофи нопоки худ ва мағзшӯи намудани ҷавонон роҳу усулҳои нав ба навро меҷӯянд. Бо вуҷуди татбиқи чорабиниҳои муштараки давлатӣ, вазъ дар ин самт нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ҷумла, ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ), ки саркардагони он дар кишварҳои Аврупо зери сарпарастии хоҷагони хориҷӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун сарчашмаи таҳдидҳои иттилоотӣ  баромад намуда, бар зидди давлату миллати тоҷик ташвиқоти бардурӯғи иттилоотиро ба роҳ мондаанд. Хиёнаткорон бо ин роҳ мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳалҳо ҷудо кунанд.  Лозим ба ёдоварист,ким  боздошти солҳои пешинаи ҳаммасалакону пайравони ТТЭ ҲНИ собит месозад, ки онҳо дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор амалӣ намудан кӯшиш доранд. Қайд кардан зарур аст,ки тибқи иттилои Вазорати дохилии кишвар соли 2022 дар кишвар  365 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ муайян ва дастгир карда шуданд.

            

Зимни расонаҳои хабарӣ қайд шудааст, ки сабаби асосии ба сафи ташкилоти террористию экстремистӣ пайвастани бештари ҷавонон ба беназоратии волидайн ва истифодаи шабакаҳои ифротӣ дар интернет рабт дорад. Чуноне аз таҷрибаҳо бар меояд, оилаҳое, ки дар он низоми якдигарфаҳмӣ, садоқату муҳаббат, вафодорӣ, андӯхтани илму маърифат, интихоби касби дӯстдошта ва инсонсолорӣ барпо шудааст, хатари воридшавии идеологияҳои ифротгаро ва маданияти бегона умуман ба чашм намерасанд. Бинобар ин, хуб мебуд, падару модарон аз оғоз ба тарбияи дурусту мақсадноки фарзандон таваҷҷуҳ намоянд, зеро кӯдак дар оила аз замони таваллуд, ҳамчун зарфи холист. Танҳо волидон метавонанд, онро бо арзишҳои маънавӣ пур намоянд. Дар ҷаҳони ҳастӣ ҳеҷ арзиш, ҳеҷ неъмат, ҳеҷ манфиат, ҳеҷ дороӣ, ҳеҷ бузургиву қудрат болотар аз қадр ва манзалати инсон набуду нест. Хулоса, ҷавонони даврони соҳибистиқлол  такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати  алайҳи терроризму ифротгароӣ мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат намуда, бо ин васила сулҳу суборо тақвият бахшидан талаботи замон аст. Ҳамзамон, ҳамеша мо бояд дар хотир дошта бошем, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимӣ мебошад.

Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири бахши кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *