ТТЭ ҲНИ – сарчашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон

 Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарки мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгароӣ атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Давлат яке аз муҳимтарин шакли муттаҳидшавии аҳолӣ ва ҷамъият ба ҳисоб меравад. Зеро таҳти роҳбарият ва сарвари он, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз наҷоту миллат, дину мазҳаб, тамоми ҷамъият муттаҳид гашта, рушду нумӯъ ва фаъолияту тараққиётро ба амал меоранд.

 Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона, дар тассавури баъзе афроди ҷомеа акидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онхо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустакилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ХНИ, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд, халок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазхабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҷахонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта, ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст, фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интикол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террорисии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба хадафи нопоки худ кашиданӣ буданд.

Овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз харвакта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гурӯхи нотавонбин аз оламу одам норозӣ ҳамавақт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ХНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумхурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯхи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.

 Ҷўраева Санавбар,
омўзгори калони кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *