ТТЭ ҲНИ роҳи терорро идома медиҳад

Аз рӯзи аввали ба раёсати кишвар нишастани Сарвари мамлакат мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъҳои нашъамандӣ, одамрабоӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои беруна ҳамарӯзаву ҳамасола суханронӣ ва гуфторҳои муҳими Президенти мамлакат аз радиою телевизион намоиш ва шунавонида мешавад. Мақсади асосии Сарвари мамлакат аз он иборат аст, ки ҷавонон ва наврасони мо на ба корҳои берун аз ахлоқиву иҷтимоӣ, балки ба хондану омӯхтани касбҳои гуногуни ба нафъи оила ва мардуми диёр мерасида кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки омӯзиши касбу ҳунар ва илм боиси сарфарозии хонадон гардад.

Роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар рӯйхати кофтукови байналмиллалӣ қарор доранд, кӯшишҳои бенатиҷаи худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳ ба ҳизби наҳзат ва таъсиси «хилофат» идома медиҳанд. Онҳо аз ҷазои ҷиноии сазовор барои фаъолияти террористиашон пинҳон шуда, ба таври виртуалӣ тавассути шабакаи интернет ба омма муроҷиат мекунанд.

Онҳо кӯшиш доранд, ки бо роҳи найрангу фиреб муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан, намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Албатта, ин амали наҳзатиҳо бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори хориҷӣ сурат мегирад. Ҳамарӯза хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварону пайравони ҳизби назҳат мазҳаби бегонаро қабул карда, мехостанд, онро ба сари мардум бор созанд. Ин аст, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ мазҳаби халқи худро фурӯхта, ғуломи мазҳаби бегона шуданд. Инчунин, онҳо тариқи сайтҳои ифротгарои наҳзатӣ атрофи далелҳо ҳарф мезананд.  Мехоҳанд, нишон диҳанд, ки наҳзатиён террористу аҳли шиа нестанд. Аммо, ҳамагон аз амалҳои шумо, террористону шиаҳо, огоҳ буда, акнун ҳоҷат ба пинҳон кардан нест.

Мардуми сулҳпарвари тоҷик ба ҳарфҳои шумо дигар эҳтиёҷе надорад ва гӯш ҳам намедиҳад, зеро тинату ботини шумо аз амали инсоният дуранд. Барои пойдории сулҳ намегузорад, ки шумо лаҳзае даст ба ифроту тундгароӣ занед.

 

Омӯзгори кафедраи

молшиносӣ ва фаъолияти   гумрукӣ:             

Ахмедова Адиба Юсуфҷоновна

              

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *