ТТЭ ҲНИ ОСМОНИ СОФИ ТОҶИКИСТОНРО ХЕҶ ГОҲ ТИРА НАХОҲАД КАРД !

 Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз  Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) дар давоми фаъолияташ пеша намудани ғояҳои ифротгароӣ буда, барои ангезиши алангаи ҷанги бародаркушӣ  нақши асосӣ бозидааст.Дар натиҷаи амлҳои номатлубаш ба ташкилоти террористию экстремистӣ табдил ёфтааст, яъне имрӯз ТТЭ ҲНИ номгузорӣ шудааст.

Мутобиқи маълумотҳои коршиносони ҷаҳонӣ ҲНИ ягона ҳизби исломӣ буд, ки дар Осиё Марказӣ расман фаъолият мебурд. Ин далели он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат давлати демократӣ буда, барои озодона фаъолият бурдани ҳар як ҳизби сиёсӣ ва Иттиҳодияи ҷамъиятӣ имконият фароҳам овардааст.Вале аъзоён ва роҳбарони собиқ ҲНИ аз озодии додашуда сӯиистифода намуда, барои татбиқи ғояҳои ифротгароӣ фаъолияташро вусъат бахшид. Дар давоми солҳои 2010-2015 аз ҷониби аъзоёни ҲНИ содир кардани беш аз 40 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.Бо баробари ин бояд қайд кард, ки дар филмҳои мустанади Бозгашт аз ҷаҳаннам“ ва Хиёнат“ бори дигар амлҳои террористиб экстремистии наҳзатиён аёну исботи шуд.

Бояд ёдовар шуд,ки воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ имзо гузоштааст, фаъолияти ҲНИ-ро ба таври шаффоф тибқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ баррасию муҳокима намуда, фаъолияти онро аз рӯи талаботҳои моддаи 129 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, моддаҳои 149 (барангезонидани халқ барои шӯриши яроқнок бар зидди Ҳокимият), 313 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и КҶ Туркия, моддаҳои 127  (бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ), 128 (бо роҳи зӯроварӣ бартараф кардани мақоми конститутсионӣ), 140 (сӯиқасд ба суст кардани иқтидори ҳарбӣ)-и КҶ Полша, моддаҳои 242 (хиёнат ба давлат), 278 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и КҶ Австрия, моддаҳои 104 (сӯиқасд барои вайрон кардан ва тағйир додани шакли идоракунӣ), 113 (шӯриши яроқнок), 124 (сӯиқасд ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ)-и КҶ Белгия, инчунин Конвенсияи Шӯрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», ки бо Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 09 декабри соли 1994 қабул карда шудааст, ҳамчун ҷиноят баҳогузорӣ ва тафсир мегардад. Ашхосе, ки чунин ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро дар дилхоҳ кишвар содир мекунанд, ҳатман тибқи қонунгузории ҷиноятии он давлат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Бинобар ҳамин ҳам соли 2016 ҲНИ ба Феҳристи ташкилотҳои террористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ ворид карда шудааст.

Имрӯз ТТЭ ҲНИ  боз чун солҳои қаблӣ дар барномаҳои телевизионӣ ва дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, тариқи  барномаи“ Паймони миллӣ…“ғайбату тӯҳматро пеша карда, номи давлату миллат ва Ҳукумати кишварро сиёҳ кардан кӯшиш намуда, барои амалӣ намудани супориши хоҷагони хориҷиаш  М.Кабирӣ кӯшиш дорад бо ҳар гуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора ноамн созанд.

Бинобар ин бо назардошти гуфтаҳои боло, ба зиммаи омӯзгорон масъулияти баланди тарбияи ҷавонон вогузор карда шудааст ва мо омӯзгорон ҳамарӯза, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо, решакан намудани ғояҳои ифротгароии ТТЭ ҲНИ камари ҳиммат бандем. бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён, ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравонашон муборизаи беамон мебарем.

 

ҚОСИДОВА У.О.,

н.и.и.,мауллимаи калони

 кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *