ТТЭ ҲНИ- МУХОЛИФИ ОСОИШТАГӢ ВА ЯГОНАГӢ!

   Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аҳзоби сиёсии кишвар, ҲНИ ягона ҳизбе буд, ки аз рӯзи ташкилёбиаш ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид шуда буд. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо накарда, ба фано рафт.
Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти ТТЭ ҲНИ терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, экстремизми динӣ ва амалҳои ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.
Мақсади ин ташкилоти экстремистӣ – террористӣ аз суст кардани амнияти мамлакат, ғасб ва аз худ намудани ҳокимияти давлатӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардондани фаъолияти террористӣ иборат буд.
Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз кишвар бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон, бо истифода аз ҳар гуна буҳтон ва суханони беасос ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Онҳо бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он экстремизму терроризмро мебинанд, ки мехостанд бо истифода аз иғво ва амалҳои тахрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.
ҲНИ то соли 2015 гарчанде ба таври қонунӣ фаъолият дошт, аммо зери ин парда ғаразҳои сиёсии худро амалӣ менамуд. Хушбахтона, фаъолияташ ба таври қонунӣ манъ гардида, бо ҳалномаи Суди Олӣ расман баста шуд. Санаде, ки фаъолияти онро манъ намуд, санади одилона ва қонунӣ буд. Сарпарастии хориҷиён, паноҳгоҳ додани онҳо ба саркардагони Ҳизби наҳзати исломӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо пешравӣ ва рушду ободии Ватани азизамонро дида наметавонанд. Ин зуҳуроти хатарзо моро водор месозад, ки ҳушёриву худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва равандҳои замони муосирро хуб дарк ва фазои сулҳу ороми ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем.
Мутаассифона, имрӯзҳо ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ реша давонда, зиндагии осудаи мардуми сайёраро зери хатар гузоштааст. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бар муқобили ин вабои аср муборизаи беамон баранд. Нагузоранд, ки терроризм ва экстремизм ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра халал ворид созад ва ҷаҳонро ба арсаи ҷангу куштор табдил диҳад.
Бовари комил дорам, ки ҳеҷ гоҳ мардуми сарбаланди тоҷик побанди ақидаҳои ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони ӯ нахоҳанд шуд. Зеро барои миллати бофарҳанги мо терроризм ва экстремизм бегона аст. Кулли шаҳрвандони кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гул гул шукуфии Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо – омӯзгорону устодон вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Симои аслии ифротгароиро нишон диҳем. Арзишҳои милливу давлатӣ ва динии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намоем. Дар замири онҳо омӯзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем. Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати илоҳӣ эҳтиром гузошта, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамраъй ва ҳамкор бошем.

Маҷидова М.Н.- ассистентони
кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *