ТТЭ ҲНИ -МАНҚУРТИ АҚЛБОХТА

Имрӯзҳо аъзоёну роҳбарони ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ (ПМ), думраваш Гуруҳи-24  аз имконияту афзалияти шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода бурда, ки тавассути  шабакаҳои кушоди иттилоотӣ дар барномаҳои ифротиашон дар хақи муҳоҷирону миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо иғвоангезӣ менамоянд. Душманони миллат, аз ҷумла, Кабирию Муҳаммадиқбол ва думравашон Беҳруз Тағойзода таҳти кӯшиши хадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ  ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. Баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ роҳнамун месозанд ва ин манқуртҳои ақлбохта бо боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг  мефиристанд.

Вақт довар ва таърих гувоҳ аст, ки ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ-ПМ бо намояндагони ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), Ал – Қоида, “Бародарони мусулмон” ва дигар равияҳои ифротӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ иштирок намудаанд, ки мо борҳо бо далелҳои амиқ мисолҳо оварда будем. Боз такроран қайд менамоем, ки тибқи хабаргузории “Интерфакс”-и  Федератсияи Русия бо такя ба маълумоти мақомоти курд беш аз 150 ҷангҷӯйи гурӯҳи тундрави «Давлати исломии Ироқу Шом»-ро дастгир кардаанд ва дар он беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ  шудаанд. Бо назардошти ин далел ТТЭ ҲНИ  ва думравонаш як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, дар ҳақиқат аз ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надоранд.

Имрӯзҳо  аъзоёни ДИИШ, Ал-Қоида ва хусусан ТТЭ ҲНИ- манқурти ақлбохта на танҳо дар кишварҳои Аврупо, инчунин дар қаламрави Афғонистон пинҳонию ошкоро  фаъолият намуданашон ба назар мерасад, ки ҳоҷат ба баён нест! Танҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки дар Афғонистон, анқариб ҳар рӯз ё инфиҷоре рух медиҳад, ё гурӯҳе бо гурӯҳи дигар дар набард мешаванд. Умуман, зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ, ва даҳшатафканӣ маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ ва хушунат тавлид мекунанд.

 Хулоса, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

                Ф. Қурбонов,

мудири бахши кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *