ТТЭ ҲНИ – ЛОШАХӮРОНИ ИҶТИМОӢ

Таҳлилҳо собит менамояд, ки дар ҷомеаи муосир дар раванди афзоиши ихтилофу зиддиятҳои гуногуни милливу мазҳабӣ, зуҳури ҳизбу ҳаракат, созмону гуруҳҳои ифротиву иртиҷоӣ ба мушоҳида мерасанд. Чунончӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайрапвонаш берун аз Тоҷикистон бо дастгирию сарпарастии хоҷагони хориҷиашон, бо истифода аз ҳар гуна бӯҳтон ва танқидҳои беасос нисбати кишварамон ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Бояд ёдовар шуд, ки воқеан аслу ҳaдaфи ТТЭ ҲНИ аз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд. Наҳзатиҳо aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои экстремистиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaву ҳaрaкaт дорaнд. Ин бадандешон бо ҳар роҳу восита, бахусус фазои имконияҳои интернетро истифода бурда, ҳамчун лошахӯрони иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, бо ҳар роҳу восита мехоҳад ба низоми давлатдории муосири миллии мо халал ворид намоянд. Вале бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи собиқ аъзоёни ҲНИ дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ аз амалҳои номатлубашон воқиф мебошанд. Чунин шахсиятхо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст, ки Кабирию пайравонаш бо таври худ ин ҳолатро баҳогузорию хулосабарории бемантиқ намуда, ақидаи тундгароиро на танҳо дар кишвари мо инчунин дар минтақаи Осиёи Миёна паҳн намудан кӯшиш карда истодаанд. Ба хоинони миллат, бахусус Кабирию Муҳаммадиқбол таъкид менамоем, ки аз минбарҳо нисбати масоили сиёсати дохилаву берунаи кишвари ҳамсоя садо баланд накунанд. Мо вазъи кунунии Ҷумҳурии исломии Афғонистонро медонем ва дарк мекунем. Баробари ин хотиррасон менамоем, ки кишвари мо ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.

Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шуд. Роҳбару пайравони ТТЭ ҲНИ – лошахурони иҷтимоӣ, ки мақсадашон ноором кардани сулҳу суботи  кишвари мо аст, ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои худ нахоҳанд расид!

 

Р.АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *