Таърих гувоҳ аст, ки дар кишвари мардумонаш иттифоқу осуда, барои зиндагии шоистаи хеш талош мекунанд, вазъ орому шароит муътадил аст. Вале, дар он кишварҳое, ки қисмате аз аҳолиаш ба таблиғоти хориҷиён мубтало шуда, ҳисси милливу мардумиашонро гум кардаанд, бесарусомонӣ идома меёбад. Масалан даҳсолаҳо, яке аз кишварҳои ба мо ҳамсоя, Афғонистон, мутаассифона ноосуда аст. Алалхусус, ду соли охир дар ин кишвар амалҳои террористӣ бештар рух медиҳаду гурӯҳе бо гурӯҳи дигар дар набард мешаванд. Вазъи кунунии кишвари ҳамсоя барои мардуми гумроҳ бояд дарси ибрат шавад. Ба ин самти кор ғаразона нигаристан ин аҳмақии маҳз аст. Аз ин сабаб дар бораи сиёсати давлат ба мардум фаҳмонидан ин вазифаи ҳамаи мост. Мо медонем, ки хориҷиён аз кишварҳои абарқудрат барои ноором кардани вазъи кишварҳои Осиёи Миёна аз ягон роҳу усул то ҳол даст накашидаанд. Нафарони хоинони ватанфурӯш мавҷуданд, ки барои соҳиб шудан ба пули ҳароми хоҷаҳои хориҷӣ омодаанд, ки ба иҷрои ҳама гуна кирдорҳои пасту номатлубро раво мебенанд . Дар робита ба ин, мо борҳо мисолҳо оварда будем. Ин навбат боз нисбат ба фаъолияти муғризонаи раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ иброз менамоем, ки воқеан ин хиёнаткорони халқу ватан баҳри иҷрои супориши хоҷагонашон пайваста минбару мавқеъ ва ном иваз мекунанд.Чунончи “Паймони миллии…” худсохти ҲНИ аст! Калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем, ки ба хонандаи закӣ аён аст ва он ҳоҷат ба баён нест! Вақт довар аст, ки номи Тоҷикистони азизро бузургон поянда медоранд на хиёнаткорони халқу ватан. Бояд ёдовар шуд, ки каҳрамониҳои Спитамен, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳо дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият мебошад.
Хулоса, бо дарназардоштми гуфтаҳои боло, хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки на танҳо намояндагони илму фарҳанг ва маориф, балки аҳли зиё, ходимони динӣ ва ҳар як сокини мамлакатро эҳсоси масъулият ва қарзи инсониву имонӣ мебояд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати дунявию динии мардум, хусусан барои тақдири насли наврасу ҷавони имрӯза бетараф набошанд. Дар ҳар хонадон, кӯча, маҳалла, деҳа ва ҷамоат бо иштироки доираҳои васеи шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, мафкураву идеологияи аҳолиро дар самти ватандориву меҳанпарастӣ баланд бардоранд ва барои боз ҳам вусъат додани бунёдкориву созандагӣ камари ҳиммат банданд. Бовари дорем, ки мардуми тоҷик ва ҷавонони саодатманди мо бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзанд. Дар интиҳои андешаи хеш аз сухани Сарвари кишвар иқтибос оварда ҳусни хотима мебахшем, ки ба сокинони кишвар даъват ба амал оварданд: Бояд ватандӯсту ватанпараст бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили осостарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷоме мебошанд.
К. КАЛОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ