Имрўз дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмиллалӣ таърифи воҳиде аз истилоҳи ифродгароӣ ва терроризм ба назар намерасад. Ифротгароӣ ё худ экстемизм маънои истифода аз василаи образҳои номуносибу мамнўъ барои ба даст овардани аҳдофи сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайраро дорад. Тероризм ё худ ваҳшат афканӣ ифродгароиест, ки ба марзи ниҳоии худ расидааст. Ҳарду низ боиси аз байн рафтани суботу оромиш ва ҳусни тафоҳум миёни гурўҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ мешаванд. Аслан калимаи «экстремизм» бо як сухан «моҷаро»-ро ифода кардааст ва экстремизмро ба маънои моҷароҷўй низ ифодамекунанд. Агармо сари калимаи эксттремизми динӣ андеша кунем, пас равшан мегардад, ки шахсият ва гурўҳҳои маълум мехоҳанд ба истифодаи ангезахои динию руҳонӣ дар ҷомеа моҷаро бардоранд. Аз ин боис имрўз таъбири «экстремизми динӣ» зуд-зуд вирди забони сиёсатмадорони олам мешавад.
Инчунин дар ҷаҳони муосир боз як зухуроти нохуш рўмезанад, ки дар замони байналмиллалӣ терроризм меноманд. Дар шарҳи калимаи «террор» аксаран таъбири «зўроварӣ»-ро ба кормебаранд. Ҳол он, ки ба дини мубини ислом моҷароҷўй, таассубгароӣ, зўроварӣ ва амсоли ин комилан бегонааст.
Таърих гувоҳ аст, ки ташкилоти террористии экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ягон саҳмие надошт ва надорад. Бо вуҷуди номнавис ва ба қайд гирифта шуданаш фаъолияти дурусте карда натавониста ҷойгоҳи устувореро дар ҷомеа касб накард. Вале бо корбурди номи дини ислом ва сӯистифода аз эътиқоди мардум то имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии дастнораси худ талош варзидаанд.
Фаъолияти тундравонаи ТТЭ ҲНИ ҳеҷ вақт ба манфитаи мардум набуда он ҳатто ҳизби сиёсии оппозитсионӣ дониста намешавад. Аз ин рӯ ин ҳизб фаъолияти тундравона дошта, як гуруҳитеррористӣ– экстремисти буда бо он дастгирии хоҷагони хориҷии худ барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзад.
Ҳадафи ин ТТЭ ҲНИ тафриқандозӣ ва ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон буду ҳаст. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳар рӯз дар сомонаҳои интернетӣ дӯрӯғҳои навро кофта бароварда пахш менмоянд ва бо ҳар гуна обу ранги бадеӣ ва фиребу дӯру мардумро гумроҳ кардан мехоҳанд. Аммо мардуми шарифи Тоҷикистон фиребу найрангҳо ва фазилат фурушии роҳбарияти ТТЭ ҲНИ –ро хуб омухтаанд ва дигар ба фиреби онҳо бовар намекунанд.
Истиқлолияти кишвар якпорчагии Ватани азиз аз волотарин арзишҳои ҷомеа ва муқаддасоти давлати мо буда барои ҳифзу пойдории он ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамарӯза ҷаҳду талош меварзад.
Мо мардуми ҳушёру бозаковатро зарур аст, бо шукргузорӣ аз ин истиқлолияти миллӣ ва шароити мусоиду рўзгори матлуб ҳама рўза бар андешаи он бошем, ки чигуна ҷомеаи озоду фазои кушоди кишварамонро аз иллат ва сирояти чунин вирусҳои марговар раҳо созем. Ҳамеша дар мазраи қалбу зеҳн ва тафаккури мо ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ватандўстӣ ва инсонгароӣ ҷўш занад. Муҳаббат ба ватанро чун ибодат ба Худо фарз шуморем ва дар ҳифзи якпорчагиву ваҳдати комили он саъю талош намоем.
Орифҷонова Д.,
устоди ДИС ДДТТ