ТТЭ ҲНИ – ДУШМАНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ!

Имрӯз, ҳангоме ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум хаёт ба сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон конунҳои давлатиро қатъиян риоя намоянд. Имрӯзҳо шахсоне, ки мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд ин ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию  ифротгароӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ мебошанд. Маҳз собиқ аъзоёни ҲНИ манфиати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошт. Меҳнати хирсонаи наҳзатиён буд, ки баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки хоҷагони худ мамлакати моро ба низоъву зиддият кашиданд. Барои онҳо манфиатҳои милливу давлатӣ вуҷуд надорад. Онҳо зери ҳаргуна ниқоб баромад карда, дар байни мардум тухми кинаву адоватро кишт мекунанд. Яке аз масъалаи ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм аст.

Ифротгароӣ имрӯз ҳамчун ҷинояти байналмилалӣ доман паҳн намуда, тамоми марзҳоро убур карда истодааст. Мутаассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони мамлакати мо низ бар канор нестанд.

Мардуми мо шоҳиди он аст, ки раёсати ТТЭ ҲНИ ягон иқдоме,ки барои манфиату миллиати мардум равона бошад, накардааст ва яке аз думанони миллат, бо ибораи дигар душмани сулҳу ваҳдат аст!

Ҳамарӯза хиёнату ҷинояти ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварону пайравонаш мазҳаби бегонаро қабул карда, мехостанд, онро ба сари мардуми мо бор созанд. Ин аст, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ мазҳаби аҷдодии  худро фурӯхта, ғуломи мазҳаби бегона шуданд.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо – омӯзгорону устодон вазифадор ҳастем, ки ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Симои аслии ифротгароиро нишон диҳем. Арзишҳои милливу давлатӣ ва динии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем.

Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намоем.Дар замири онҳо омӯзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем. Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати илоҳӣ эҳтиром гузошта, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамраъй ва ҳамкор бошем.

 

ҚОБИЛОВ Н.Қ.,

дотсенти кафедраи молшиносӣ

ва фаъолияти гумрукӣ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *