ТТЭ ҲНИ – душмани халқу миллат

Айни замон шахсон ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Яке чунин ҳизбҳо, собиқ ҳизби наҳзати ислом  мебошад, ки имрӯзҳо бо роҳбрии Муҳиддин Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи Паймони миллӣ баромад намуда, нисбати давлату хҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар бе асос норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодааст. Наҳзатиён бо худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ  имрӯз боз меҳоҳанд чун солҳо 90-уми асри гузашта мафкураи бархе ҷавононро вайрон карда, ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашида истодаанд. Аз баромаду суханҳои сафсатаи наҳзатиён  боис шуд, ки мардуми тоҷик аз ҳадафҳои нопоки онон огоҳ гардида, рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури наҳзатиён аён шуда истодааст. Илова бар ин бояд қайд кард, ки филмҳои мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” симои аслии роҳбарият ва аъзоёни собиқ ҲНИ-ро бори дигар нишон дод, ки дар ҳақиқат наҳзатиён душмани ашаддии халқу миллат будаанд ва ҳастанд.  Аз ин ҷо мо, аҳли ҷомеа, бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем, онҳоро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин дорем, дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат – Муҳиддин Кабирӣ , Муҳамадиқболи Садриддинва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.

 

                                                             ҚОБИЛОВ Н.Қ.,

 дотсенти кафедраи молшиносӣ ва

 фаъолияти гумрукӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *