ТТЭ ҲНИ  –  ДУРУҒБОФИ ИҒВОПЕША

         Мо борҳо зимни мақолаҳои хеш оид ба амнияти иттилоотӣ андешаамонро иброз дошта будем Ин навбат низ иловатан дар атрофи ин масоил андешаронӣ намуда, қайд карданием, ки имрӯзҳо созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷиҳати амали намудани ҳадафи ғаразнокашон, дар фазои иттилоотӣ дар Интернет паҳншаванда, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Дар робита ба ин, мисол меорем, ки раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон тавассути расонаю сомонаҳои берунӣ фаъолияти муғризонаашро ба роҳ монда, дар барномаҳои ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”, “Ҳақ ва ботил” ва ғайра баромадҳо намуда, корашон иғвоандозию дуруғбофӣ аст. Бо василаи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Хулоса тавассути ин навъи технологияи сиёсӣ, роҳбарияти ТТЭ ҲНИ мехоҳад мисли пештара дар муҳити иҷтимоии тоҷикон таъсири манфӣ гузорад. Ин аст, ки аз хориҷи кишвар мушкилоти мавҷударо аз ҳуҷумҳои иттилооотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди ифроту тафрит мерасонад. Баробари ин, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ сурат мегиранд, яъне дар онҳо гурӯҳҳо ташкил гардида, афроди алоҳида ба омӯзондани адабиётҳои динӣ ва ҷалби ҷавонон машғуланд. Масалан дар барномаи интернетии «Имо» шакли нави таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор шудаст, ки дар он 20 гурӯҳ бо номҳои «Саволу ҷавоби исломӣ», «Ислом дини ҳақ» ва монанди инҳо фаъол гардидаанд. Бинобар ин, тамоюли ба таълими  ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурўҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ боқӣ мемонад. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар дар соли сипаригардида 36 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор гардида, 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти ғайриқонунии дини мегирифтанд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Бояд қайд кард, ки бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконияти ибрози матлабро фароҳам меоранд. Ин гуна руйкардҳо, ба андешаи мо, ғайрисозандагӣ буда, гуруҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд.

          Хулоса, гуруҳакони носолими имрӯза, аз қабили ТТЭ ҲНИ, ”Гурӯҳи 24” ва амсоли инҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд ва ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.

          Бо дарназардошти масоили матраҳгарди, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки авзои имрўзаи љомеаи љаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳои ифротиро гирем. Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ монда, баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёна ва  дурӯғбофии бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша саҳмгузор бошем!

А. ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *