ТТЭ ҲНИ- ДАСТПАРВАРИ БЕГОНАГОНИ ИБЛИССИФАТ

Таҳлилҳо аз гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву руйдоди нав дар кишвар ва хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки ташкилоти террористӣ – экстримистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ба таври комил дастпарвардаву дастнишондодаи бегонагони иблиссифат буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.

Боздошти ин шахсиятҳо ва собиқадорони аршади ин ҳизби миллаткуш ин калому даъвои моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷи тамриноти динию низоми ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиҷ, суханварию гӯлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сӯзонидан ва дар умум тамоми аносири террору қатл ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои хамҷавор корҳо намудаанд.

Ба майдонҳои алоҳида кашонидани мардум аз саҳроҳои кору меҳнат ба саҳнаҳои ҷангу куштор таблиғ намудани аҳолӣ, рушди афкори мазҳабию таблиғи ақоиди шиаи исноашара, маблағгузори намудан ба саркардагону размандагони мухолифин, таъмини силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва тамрини ҷавонон дар кишвари хориҷ махз аз ҷониби ин кишвари бо ном “Дӯст” анҷом дода шудааст.

Хориҷиён барои таълиму тарбияи низомию динӣ ва идеологии ҳар як аъзои ТТЭ ҲНИ, ки аз Тоҷикистон ва ё аз кишварҳои дигар ба кишвари “Дӯст” сафарбар мешаванд, хароҷоти зиёди молияви намуда, аз макони истикомат, то хурдану пӯшидану лавозимоти таълиму тамриноти низомии онҳоро таъмин намуда, илова бар ин барои ҳар як узви дастаҳои террористию низомии худ аз ҳисоби духтарони ҳарамсароҳои маблағгузоронашон ҳамсар низ ихтисос медиҳанд. Ҳадафи аслӣ аз ин ҳама хароҷот танҳо тарбият намудани афроди фармонбардору ғуломсифате мебошад, ки онхо арзиши муқаддасоти худро дар ризоияти хоҷагони охундияшон бидонанд ва хостаҳои онҳоро амалӣ намоянд.

Аслан сиғазодаҳои наҳзатӣ дар ин аҳдофу стратегияи худ борҳо муваффақ низ шудаанд. Аз ҷумла, дар солҳои 90 – и қарни гузашта дар сарзамини Тоҷикистон афроди мушаххасеро трабият намуда, маблағгузорӣ кардаанд ва кишвари Тоҷикистонро хостанд ба вартаи нести кашанд. Шахсиятҳои милли ва донишмандони фарҳехтаи кишварро ба қатл расониданд, авзои дохили кишварро ҳассосу ваҳим намуданд ва як миллати воҳиду як давлати якпорчаро ба маҳалҳову гурӯҳову ҳизбу ҳаракатҳо қисмат намуданд. Ғуломзодагони наҳзати ба амри хоҷагонашон амал намуда, барои ризоияти мавлоҳои хеш бо хуни ҳаммиллиатони худ таҳорат намуданд.

Аслан барои давлатҳои ба ном “Дӯст” чи зарурат аст, ки дар кишвари дигар ин амалҳои нангину шармоварро роҳандозӣ намоянд? Баъд аз расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар, ҳарчанд дасти дарози баъзе кишварҳои хориҷи дар муборизаҳо ва қатлу кушторҳои кишвар равшан буд, вале давлати Тоҷикистон муносибатҳои худро бо он давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расонида, гузаштаро чун савҳаи сиёҳи таърих фаромӯш намуд. Мутаассифона, зумрае аз кишварҳои ғарб ба мисли ҷумҳурии Лаҳистон ва Олмон солҳои охир ҷонибдори амалҳои зишти аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймонҳои онҳо гаштаанд ва бо роҳи озодии суханронию амалҳои онҳо шарик гаштаанд.

Таҳлили мантиқии ин муносибатҳо нишон медиҳад, ки ин амалкарди беруна аҳдофи стратеги дошта, ҳадафҳои бузургтаре дар пай доранд. Ташвиқу тарғиботи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймонони он тавассути шабакаҳои интернетӣ проблемаи асосест, ки бо дастгирии давлатҳои ғарб ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дуняви ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд ва ба ҷомеаи имруза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки ба амалҳои сиёсии зидди кишвар омода бошанд. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин ҳолат гирифта шавад. Бо баробари ин дар фарҷоми мақолаи хеш иброз медорем, ки мо омӯзгорон доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузошта, ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона хоҳем намуд.

                                                          ФАЙЗИЕВ М., ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва

 технологияи инноватсионӣ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *