Мо дар замони хеле мураккабу пурихтилоф, замоне, ки давлатҳои дунё ҳар кадоме баҳри манфиатҳои хеш талош варзида, дар ин роҳ ба зиёдаравӣ ва таҳқири кишварҳои дигар роҳ медиҳанд, кор ва зиндагӣ дорем.
Дар ҷаҳони мутамаддин мунтазам ходисаву воқеаҳое рўй дода истодаанд, ки боиси сарафкандагии мусалмонон ва кам нишон додани дини мубини Ислом дар назди чомеаи башарӣ мебошад. Ҳамзамон ҳар коре, ки чихати паст намудани сатхи маънавиёти чомеа ва бархам задании суботу оромӣ анҷом дода мешавад, аз тариқи сўистифода аз боварихои динии мардум рохандозӣ мегардад. Чунин аъмол аслан кори дасти гуруххоест, ки динро воситаи расидан ба сиёсат, василаи тафриқаангезӣи миёни мардум ва яроқи асоси бар зидди худи мусалмонхо кардаанд. Яке аз чунин гурўххое, ки дахсолахо фазои идеологии Точикистонро олуда сохта, кўшиш дорад вахдати комилро аз миёни мардум бардорад, ҲНИ мебошад.
Пас аз имзои созишномаи сулх ва ризоияти милли миёни хукумати Точикистон ва Иттиходи нерўхои опозитсиони Точикистон (ИНОТ) дар миёни ҳазорон раҳгумзадагон гуноҳи аъзоёни ҲНИ ҳам вобаста ба нооромихо ва қатлу куштори вақт бахшида шуданд. Ҳукумат ва мардуми кишвар умед доштанд, ки ин хама ранчу азоби солхои чанги шахрвандӣ, ѓарибиву талафоти моливу ҷони ба роҳбарияти ҲНИ дарси ибрат гардида, эшон минбаъд танхо дар рохи ободиву осудагӣ, сулҳу ваҳдат ва созандагӣ мекўшанд. Аммо, мутаасифона ҲНИ ба ин ҳама ҳусни ният ва некандешихо сазовор гашта натавонист.
Имрўз ҲНИ кўшиш мекунад худро як тарафи сулх нишон дихад ва ба ин васила воқеияти таърихиро ба манфиати худ таҳрир созад. Аммо хушбахтона хотираи таърихии миллати тоҷик қавӣ аст. Ҳама медонанд, ки як ҷониби сулҳ ИНОТ буд, на ҲНИ ва чунин берўгии сиёсие, ки аз ҷониби ҲНИ сурат мегирад воқеан шармовар аст. Имрўз аъзои рохбарияти ҲНИТ-ро бо яроқ дастгир мекунанд, аммо барои эшон ин чизи маъмулӣ ва барои кадом як рўзи «мабодо» аст. Шояд эшон боз нақшаи ноором сохтани кишварро дар сар доранд? Роҳбарият ва аъзоёни фаъоли ин хизб қахрамони филмхои ѓайриахлоқи ва намунаи амалхои ѓайриинсони гаштаанд, вале эшон шарм надошта хамвора худро доҳии ақидахои исломӣ муаррифӣ мекунанд. Дар хамин радиф агар мақомот дар асоси қонун кадоме аз аъзоёни қонуншикани ҲНИ-ро боздошт кунад ба ҷойи ислоҳи камбудӣ хатман онро фишори сиёсӣ меноманд. Мутаасифона, имрўзҳо барои ҲНИ тамоми қонунхои кишвар, ки дар асоси принсипхои асосии умумибашарӣ тартиб дода шудаанд «антинаҳзат» мебошанд.
Аммо бадтарин ҳолат ин аст, ки мутаасифона, имрўз ҲНИ ба як василаи фишанги сиёсии хориҷиён болои Тоҷикистон гаштааст ва хеле таассуф мехўрем, ки холо ҳам ҳастанд ҷавононе, ки фирефтаи найрангҳои ин тоифа гашта бо аъзогӣ ба он худро дар роҳи хиёнат ба ватану миллат шарик сохта истодаанд. Имрўз ҲНИ ба як бозичаи дасти дигарон дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон табдил ёфта, аз ватандўстиву миллатпарастии он танҳо суханҳои хушку холӣ боқӣ мондаанд.
Ғафурова Фароғат
Ассистенти кафедраи
назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ.