Дар шароити имрӯзаи таърихи башарият зуҳури фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмиллалӣ боиси нигаронӣ ва изтироби аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин таҳаввулоти фоҷиабарангез баҳри аз байн бурдани истиқлолияти комили даҳҳо мамолик ва сабаби оғоз гардидани ҷангҳои шаҳрвандиву ҷанҷолҳои мазҳабӣ гардидаанд.
Хизбу харакатхои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа мехисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо бахои дурусти худро медиханд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки факат давлати дунявию демократӣ метавонад, динро таракки дода, роххои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари хамаи ин аккалиятхое низ вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазхаб медонанд, ки ин акида махз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ханӯз доир ба фахмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемахо чой доранд.
Хизби нахзати ислом барои барангехтани иѓво дар солхои 1992-1997 мавкеи асосиро ишғол менамояд. Маҳз наҳзатиён дар замони ҷанги шаҳрвандӣ боиси пароканда шудани халқи тоҷик ва бозичаи дасти дигарон шудан, гардид. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо табиати биҳхиштии худ имруз новобаста аз найрангхои ба миёномада дар ҷаҳон мавкеи асоси дорад. Ба хамагон маълум аст, ки бахри нигохдории як порчагии Точикистони азизамон замоне буд, ки ХНИ худро пуштибон мехисобид ва зери парда таносуби сиёсат ба динро нишон медод. ХНИ манфиатхояшро дар зери никоби дин чо карда онхоро амали кардани аст. Лекин ҳизби наҳзат динро ба таври руякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб менамояд. Ақидаҳои ҲНИ аз сатҳи тафаккур баромада ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузарад. Дар ин ҳолат аъзоёни ҳизби наҳзати ислом тарзи зиндагонии дигаронро дар ошкоро танқид карда, нисбати онҳо амал оштинопазири нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад.
Қурбониёни ҲНИ асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракиро аз даст надода, барои дафъи он кўшиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки роҳбари ҲНИ дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амал карди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад.
Маннонова Раъно,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент