ТТЭ ҲНИ ҲАМОН АСТ, ПОЛОНАШ ДИГАР!

Мақсади баёнияи аъзоён ва раҳбарони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) аз он иборат аст, ки хиёнаткору хиёнатпешагонро гунаҳкор наҳисобида, танҳо аз давлату миллати тоҷик интиқод кунанд. Ҳамагон медонанд , ки пайравони ТТЭ ҲНИ ҳамеша бо кишварҳои кӯмаккунанда дар робита буда, то замони ба ҷиноят даст задан худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд. Вале баъди ошкор шудани ҷинояткориҳо  ва ба панҷаи қонун гирифтор гардидан, бо интишори баёнияҳо худро бегуноҳ меҳисобанд. То ҳол роҳбарону ҳамсафони ТТЭ ҲНИ дӯсти қарини афроди ҷинояткор буданд, аммо пас аз содир кардани амалҳои зиддидавлатӣ магар бегуноҳанд! Ин як намуд худсафедкунии пайравони ТТЭ ҲНИ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар як ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) чанд гурӯҳи ифротии худхонда, ба монанди ТТЭ ҲНИ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Варшава гурӯҳи наве бо номи «Паймони миллии …» (ПМ)-ро таъсис доданд. Лозим ба ёдоварист, ки  дар шӯрои ҷаласаи дуюми ПМ масоили сохторӣ созмони мазкур бахшида шуда буд, ки тибқи қарори қабулшудааш ҳайати он танҳо афроди ҷинояткору хоин, худхоҳу ҷоҳталаб, гурезаву фирорӣ мебошанд. Аз ҷумла, ба ин рӯйхати гурӯҳи авомфиребон ва иғвогарону худфурухтагони берӯй – Муҳиддин Кабирӣ, Шерзамонов Алим, Равшан Темуриён, Темур Варқӣ, Файзраҳмонов Маҳмуд, Соҳибназарова Мавҷуда, Ёқубов Илҳом, Гадоев Шарофиддин, Ёров Ҷамшед ва дигарон шомиланд. Инро ТТЭ ҲНИ вазифаи ҷонии худ медонад, то унвони наҳзатро пинҳон дошта, дар зимн гурӯҳакеро ташкил диҳад, то дар оянда ҳамин мавқеи террористӣ ва экстремистии ҲНИ-ро ҳифз карда, барои замимагузории падидаҳои манфӣ дар ҷомеа равона шуда бошад. Дар гузашта ва ҳоло низ андешаҳое дар расонаҳо матраҳ гардида, асоснок шудаанд, ки аз ҷониби ҳамин гуна пайравони ТТЭ ҲНИ таҳдидҳо ба ҷомеа ва давлату миллати тоҷик ҷой дошт. Роҳбарият ва сатҳи болоии ҳизб мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқеъгирӣ ва тафсирҳои авомонаву муғризонаи раёсати шӯрои фирории ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бо номи Шӯрои Паймони миллии…. бурӯз кард, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад.

Мо калимаи Тоҷикистон-ро илова накардем зеро он зоҳиран дигар шуда бошад ҳам, дар асл ҲНИ аст. Бо ибораи дигар гӯем, бо иваз кардани ном дар дигар шакл аз роҳбар сар карда то аъзоёну пайравон ҳамон наҳзатиҳои пешин ҳастанд. Хулоса хар ҳамон аст, полонаш дигар!

ҒАНИЕВА М.И.,

ассистенти кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *