Тоҷикистон зидди терроризм ва экстремизм

Дар толори калони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ташабуси Садорати факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ,  шуъбаи илм ва инноватсия, дар ҳамкорӣ бо кафедраи ҷомеашиносӣ конференсияи илмӣ таҳти унвони «Тоҷикистон зидди терроризм ва экстремизм» баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ кори конференсияи илмиро декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрук ва ҳуқуқ,  дотсент Ҷалолов Д.М. кушода эълон намуда, ҳозиринро бо барномаи конференсия шинос намуд.

Мавсуф ба иштирокчиёни конференсияи илмӣ барори кор таманно дошта, зимнан таъкид бар он дошт, ки мубориза бар зидди экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад. Он вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи  мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардонад. Дар ин росто мақому манзалати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон чун сиёсатмадор ва ходими давлатӣ, ки нисбат ба дигарон дарду доғи мардумро бештару хубтар эҳсос менамояд, дар барқарор ва таҳкими сулҳу субот, давлату давлатдории миллии тоҷикон, таъмини якпорчагии давлат нақши ҳалкунанда дорад.

Сипас, риштаи сухан ба муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф.Ҷ. дода шуд.

Маърӯзакунанда Ҳошимов Ф.Ҷ. дар баромади худ иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди ҷаҳони сиёсӣ масъалаи таъмини амнияти миллӣ яке аз омилҳои калидию шарти муҳими рушди устувор дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ мебошад, ки масъалаи мазкур дар мадди аввал меистад. Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд. Айни замон, падидаҳои терроризми байналмилалӣ ҳарчи бештар тақвият меёбад. ки барои сарнавишти ҷаҳон таҳдиди бузург месозад. Бо таваҷҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ амалҳои гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои ин минтақа низ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Гурӯҳҳои террористиву тундгаро дар минтақаҳои шимоли бо Точикистон ҳаммарз ҷойгир шуда, ҳадафи барҳам задани сулҳу субот ва ноором сохтани амнияти миллии Тоҷикистонро доранд.

Вобаста ба таҳдиду хатарҳои дар боло зикр шуда, бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои зиёд на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишвархои собиқ Шӯравиро аз терроризму экстремизм чун сипар таъмин карда истодааст.

Баъдан, устод Ҷалолов Н.М. барои баромад суханро ба муаллимаи кафедраи ҷомеашиносӣ Комилова Ф.А. дод.

Муаллима Комилова Ф.А. дар баромади худ аз ҷумла зикр намуд, ки терроризм ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатар ба ҳаёт оварда, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳои ба онҳо манфиатдор мебошад.

Фаъолияти террористӣ хусусияти миллатгароӣ, динӣ ва этникӣ дорад. Он дар намуди тарсонидани ҷисмонию маънавӣ ва ба низоми асаби инсон таъсири манфӣ расонидан зоҳир мешавад.

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон экстремизм бештар дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Дар баромади худ муаллими калони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ Шарипов Далер таъкид бар он дошт, ки масьалаҳои мубориза зидди терроризму экстремизм доимо дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм санадҳои меъёриву  хуқуқӣ ба монанди: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» аз 3 марти соли 2018, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории пахнкунии силоҳи катли ом барои солхои 2018-2025 амал мекунанд.

Дар солҳои охиp, ба баъзе моддахои кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки барои ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ ҷавобгариро боз ҳам вазнинтар менамояд.

Дар мавзӯи «Тоҷикистон – кишвари мубориз зидди террроризм ва экстремизм» донишҷӯи курси дуюми ихтисоси менеҷмент Баҳритдинова Азиза баромад намуд. Зимни баромади худ нотиқ зикр дошт, ки пас аз эълон гардидани Истиқлолияти Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба марҳалаи нави вазъи иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва экстремизм равона гардидааст.

Бо номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу амният, ваҳдатӣ миллӣ, бунёдкориҳо ва раванди демократисозии ҷомеа дар Тоҷикистон пайваст мебошанд. Вақте ки тамоми кишвар дар остонаи фоҷиа истода буд, муҳтарам Президенти маҳбуби мо роҳ надоданд, ки ҷамъият тақсим шавад, тавонистанд  мухолифатро аз ҷомеа бардоранд, фирориёнро ба Ватан бозгардонад ва сулҳро дар кишвар пойдор намоянд.

Дар Тоҷикистон дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ осоре ҳам намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии он комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, Истиқлоли давлатӣ ва хушбахтии комил ба даст оварданд. Имрӯз ҳама шукр аз неъматҳои Истиқлолият менамоянд ва аз он фахр мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Дар фарҷоми кори конференсияи илмӣ декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ  Ҷалолов Н.М. аз номи раёсати донишкада, шуъбаи илм ва инноватсия ба аҳли нишаст барои иштироки фаъолашон адр кори конференсия миннатдорӣ баён карда, иброз дошт, ки кори он дар сатҳи баланд гузашта, он ҳадафҳое, ки ба кори конференсияи илмӣ гузошта шуда буд ба мақсад  расид.

  

Турсунов Ф.А., 

 мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, дотсент  

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *