(Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси баӣналмилалии сатҳи баланд)
Санаи 18 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси баӣналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории баӣналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши мазкур сеюмин чорабинии сатҳи баланд ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Қатар, Арабистони Саудӣ ва дигар шарикони байналмилалӣ дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» баргузор гаштааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ иброз доштанд, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд ва фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамоянд. Дар баробари ин, паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар зарфи зиёда аз ду соли охир ва пайомадҳои он ҷараёни муқовимат бо ин таҳдидҳоро боз ҳам мушкил гардонида, раванди татбиқи Рӯзномаи 2030 ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори онро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон халалдор сохт.
Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъи баамаломада сӯйистифода карда, фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш мебахшанд.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террористӣ аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии баӣналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст. Ҳамчунин, таҳмили ғояҳои тундгароёна бар афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа маҳсуб меёбанд.
Воқеан, вазъияти ба амал омада дар Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақа, алалхусус Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Зеро, Тоҷикистон ва Афғонистонро 1400 километр хатти сарҳад бо қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ ба ҳам мепайвандад, ки тақрибан 60 фоизи марзҳои давлатҳои Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад.
Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо ташаббуси Тоҷикистонро оид ба таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон амри зарурӣ шумориданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои баӣналмилалӣ ба хотири решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб фаъолона ширкат намуда, яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ гардид.
Вобаста ба ин, тайи даҳсолаҳои охир, ҷиҳати муқовимат ба терроризму ифротгароӣ, санадҳои меъерии ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳои миллӣ дар кишвар қабул карда шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021 дар таҳияи нав қабул карда шуданд.
“Стратегияи миллии Ҷумҳурии Точикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва қабул шудани Стратегияи нави мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025. Ҳоло барои татбиқи стратегияи мазкур Котиботи махсус созмон дода шуда, ҳамзамон бо ин, Платформаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатии татбиқкунандаи он ва созмонҳои баӣналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амал менамояд.
Бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзу назорати он, бо ташаббуси Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 7 ноябри соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Инчунин, мо ба мақсади такмил додани раванди муҳофизати сарҳади давлатӣ ҳанӯз соли 2010 “Стратегияи миллии идора намудани сарҳад” ва нақшаи амали он доир ба ислоҳоти низоми таъмини амнияти сарҳад барои давраи то соли 2025 қабул карда шуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик чиҳати пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар солҳои охир, ба баъзе моддаҳои кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағиӣру иловаҳо ворид карда шуданд, ки барои ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ ҷавобгариро боз ҳам вазнинтар менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чун Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкории густурда менамояд. Инчунин, кишвари мо ҷиҳати муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир бо сохторҳои минтақавӣ чун-Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхаӣ ҳамкории судманд менамояд.
Таӣи солҳои охир, дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» дар ш. Душанбе ду конфронси баӣналмилалии сатҳи баланд, дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 маи соли 2018 дар ш. Душанбе) ва конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории баӣналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғаӣриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (ш. Душанбе 16-17 маӣи 2019 ) доир гаштанд.
Гузашта аз ин, солҳои 2018-2019, Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии худро дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба ӯҳда дошт.
Ҳамчунин, солҳои 2020-2021 раисии Тоҷикистон дар Нуҳумин конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД ) ва Созмони ҳамкории Шанхаӣ (СҲШ) баргузор гашт.
Ҳамаи ин кӯшишу ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз ҳалли масъалаҳои амниятӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир гувоҳӣ медиҳад.
Бояд таъкид кард, ки Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо амнияти худ, балки амнияти минтақа ва қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя ва таъмин менамояд.
Мардуми Тоҷикистон натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ҳаргиз фаромӯш намекунад. Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Бинобар ин, Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба чунин буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд. Тоҷикистон ҷонибдори он ҳаст, ки дар кишварҳои ҳамсоя сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва кишвари мо тавонад бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ намояд.
Воқеан, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯсту сулҳофар аз тарафи ҷомеаи ҷаҳони пазируфта шуда, таҷрибаи кишвари мо, дар барқарор кардани сулҳу субот ва муқовимат алайҳи хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу хизматҳои бузурги ӯ, дар ҳалли масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳон мавқеи кишвари мо боз ҳам баланд гашт, ки ин дастоварди бузургтарин дар даврони 31- соли истиқлоли давлатӣ мебошад.
Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович,
Муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТдар ш. Хуҷанд