ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҲИМОЯИ САЗОВОРИМАРЗИ БУМИ ХУД ҚОДИР АСТ!

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо вазъи ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла вилоятҳои  Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки имрӯзҳо аз ҷониби афроди ҳангомаҷӯ ва фурсатталабон, аз ҷумла аъзоёну роҳбари собиқ ҲНИ – Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо сиёсати моҷароҷӯёнааш бар зидди сиёсати имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоли мо мардумро гумроҳ кардан кӯшиш намуда истодааст. Бо баробари ин бояд ёдовар шуд, ки Кабирии “сиёсатшинос” дар давраи пандемияи сирояти коронавируси “COVID-19″” ба ҷои тасаллӣ додани мардумон, баръкас ба иғвою дасиса ва дигар аъмоли нангин машғул шуда, бо истифода аз вазъияти имрӯзаи муносибати нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва “Толибон»-ро ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод карда, мехоҳанд дар ҷомеа таҳлука барангезанд ва мардумро аз Толибон тарс диҳанд.

Ҳамин тариқ, раҳбари наҳзатӣ М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар замони ҳассос, ки бемории вогир ҷаҳонро ба таҳлука оварда аст, доир ба вазъияти баамаломадаи Афғонистон, ки кори дохилии ин давлат аст кордор шуда, бо ин васила ба саҳанаи сиёсӣ худро “сиёсатшинос” намоиш дода истодааст ва аз ин суханҳои сафсата дигаре коре надорад.

Дар фарҷоми ақаидаи хеш хотиррасон мекунем, ки мардуми кишвар амиқан медонад, ки ТТЭ ҲНИ душмани асосии давлат ва миллати тоҷик аст ва хеҷ кас ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад!

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзи буми худ қодир аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, бар зидди инсонҳои тангназарону хиёнаткори ифротӣ муборизаи беамон бурда истодааст ва минбаъд низ хоҳад бурд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи Тоҷикистонро тира намегардонад!

       ҚАЮМОВ А.,

мудири шуъбаи маркази тести ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *