

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои худ оид ба вазъи Афғонистон таъкид менамоянд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба чунин буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд. Тоҷикистон ҷонибдори он ҳаст, ки дар кишварҳои ҳамсоя сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва кишвари мо тавонад бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ намояд”.
Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорк иброз доштанд, ки «Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст».
Ёдовар мешавем, ки санаи 7-уми октябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шимолу ғарби шаҳри Ҳирот заминларза бо қувваи 6,3 дараҷа рух дод. Дар натиҷа беш аз 2400 нафар ба ҳалокат расиданд. Тибқи маълумоти идораи маҳаллии мубориза бо офатҳои табиӣ, беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва 13 деҳа хароб гардида, шумораи зарардидагони заминларза ба 10 ҳазор нафар расид. Баъдан дар Афғонистон боз силсилазаминларзаҳо ба амал омаданд, ки дар натиҷаи онҳо низ нафарони зиёд ҳалок ва маҷруҳ гардиданд.
Дар иртибот ба ин, санаи 18 октябри соли ҷорӣ тибқи дастур ва супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд. Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, зиёда аз 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи Афғонистон сарҳади тӯлонӣ (1400 километр) дорад ва 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки вазъи нооромӣ дар Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфии худро мерасонад, зеро амният ва тинҷиву оромӣ дар минтақа, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад.
Тоҷикистон доимо аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Бинобар ин, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошад. Кишвари мо, ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша тарафдори тинҷиву оромӣ ва суботу сиёсӣ дар Афғонистон мебошад.
Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон омода аст, ки минбаъд низ имкониятҳои худро барои расонидани кумакҳои башардустона ва ба таҳкими сулҳу суботи мардуми Афғонистон вогузор хоҳад кард.
Воқеан, кӯшишу ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ дар кишвари дусту бародари мо – Афғонистон мебошад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои Пешвои миллат мавқеи кишвари мо ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳовар дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Пешвои миллат дар пойдор намудани сулҳ ва суботи сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон хело бузург аст.
Ф. ҲОШИМОВ,
устоди ДИС ДДТТ