ТЭТ ҲНИ ва фаъолияти террористии онро маҳкум менамоем

Дар шароити муосир, дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон имрўзҳо қувваҳои ғайрирасмӣ ва пешбарандаи ғояҳои муқобили сиёсӣ амал менамоянд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои ғаразнок ва ноҷои худ аз тамоми воситаҳои ихтилофӣ истифода менамоянд. Маҳз, чунин ҳадафҳо боиси пайдоши падидаҳои номатлуби замон, аз қабили,  терроризму экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ гардида, бо ҳар гуна роҳу усулҳо аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ маблағгузорӣ ва роҳандозӣ карда мешаванд.

Маҳз, дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол  пас аз пошхурии Иттиҳоди Шўравӣ ва мустақил гардидани он, зери соя ва дастгирии хоҷагони хориҷӣ Ҳизби наҳзати исломӣ санаи 26-уми октябри соли 1991  худро ҳамчун ҳизби сиёсӣ арзёби намуда, зери шиор ва ё ниқоби ислом нақшаҳои фаъолияти худро роҳандозӣ намудааст.

Албатта, таҳти даъват ба ислом аз издиҳом ва бо ин васила талқини моҳияти ғаразнок ва манфиатовар ба нафъи худ воситае буд, барои баргузидани ашхоси манфиатҷў ва халафкор, ки бар хилофи талаботи дин ва ҷомеа аз ҷониби намояндагон ва ё аъзоёни ин ҳизб, дар асоси нақшаҳои тарҳрезинамудаи хоҷагонашон ба амал мебароварданд. Чунин, рафтор боис гардид, ки кишварро дар он замон оташи интиқом ва ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта, дар натиҷа, ҷони ҳазорҳо одамон аз байн бурда шуда, сохторҳои қудратии кишварро ба нестӣ оварад. Тамоми сохторҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро ба таназзул ва ҳатто, аз нигоҳи иқтисодӣ ба буҳрон рў ба рў оварда, аз самти рушд ва фаъолияти худ боз дорад.

Дар он замон, кишварро сохтори ирархияи идоракунӣ фаро гирифта, дар натиҷа аз ҷониби хилофкорони миллат, ки ҳизбро намояндаги доштанд, даст ба кушторҳои ваҳшиёна ва қатли равшанфикрони миллат, ходимони сиёсӣ, намояндагони аҳли илму қалам ва дигарон заданд. Ин амалҳо, яке аз амалҳои хилофкоронае маҳсуб меёбанд, ки ба қалби миллат ханҷари нохалафе буд, ки асло аз хотироти мардум ва миллат берун нахоҳад шуд.

Инчунин, зарарҳои моддии ба иқтисодиёти кишвар расонидаи онҳо аз зумраи ба яғмо бурдани боигарии давлату миллат ва ғорат намудани корхонаву ташкилотҳо, ки моликияти давлатиро намояндаги доштанд ба ҳисоб меравад. Он замон, пояҳои моддию техникии корхонаҳои кишвар иқтидори истеҳсолию саноатии онро ташкил медод, ки барои пойдории иқтисодӣ ва рушди соҳаҳои истеҳсолию саноатӣ ва металургӣ равона шуда буданд. Маҳз, техникаҳои пуриқтидори коркарди ашёи хом, маснуоти саноатӣ, сохтмонию металургӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии мамлакат талаву тороҷ гардида, бо арзиши ночиз ва бо роҳи қочоқ аз кишвар бурун бурда шуданд.

Дар натиҷа, фаъолияти корхонаҳои саноатии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат аз фаъолият боз монда, шумораи бекорон ба нуқтаи балантари худ расид. Маҳз, масъалаи ба миён омадани сатҳи бекорӣ ба афзоиш ва ё ба амал омадани ҷиноятҳо дар байни омма ва ҳатто, байни ноболиғон авҷ гирифт. Ҳамчунин, таъсири фалаҷгардии сохтори ҷамъиятӣ ва қудрати сиёсӣ ба соҳаи молиёти кишвар махсусан, қурби асъори миллӣ зарбаи ҷонкоҳ зад, ки дар натиҷа он ба дараҷаи гипер таваррум расид. Низоми бонкӣ ба мавҷи нокомӣ ва бўҳрони молиёт, ки аз ҷуброн нагардидани амонатҳои ҷалбшуда вуруд омада буд, дучор гардида, бо талаву тороҷи хилофкорон анҷом дода шуд.

Ҳамин тариқ, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи малакат, ки чун кишвари ҷавон ва соҳибистиқлол мебоист мисли гул бишкуфат бар акс таҳти мавҷи ҳалокатвори террористии тарҳрезигардидаи намояндагон ва хоҷагони хориҷии ТЭТ ҲНИ қарор гирифт.

Вале, ба бахти миллат ва кишвари азиятдида шахсият ва пешвое ба мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбариро зери итоати худ гирифта, новобаста аз оташи ҷанг ва таҳдиди қувваҳои мухолиф ба ҷони худ, барои бар по намудани сулҳ ва ваҳдат дар кишвар камар бастаст. Қувваҳои мухолифро бо ҳам мувофиқа ва пайваст намуд, ки дар ниҳоят нақшаи нохалафи душманони миллат барабас рафт. Бар акс дар ин миён зери сулҳу ваҳдати миллӣ иттиҳоди бузурги тоҷикон зери сардории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омада, мубориза бар зидди ашхос ва хоинони миллати тоҷик пурзуртар гардид.

Дар ин росто, ҳамчун фард ва шаҳрванд натиҷаи фаъолияти ТЭТ ҲНИ -ро ҳачун фаъолияти яғмгарӣ, ғоратгарӣ, қатлу куштор, хиёнат ба давлату миллат ва дигар хусусиятҳои ҷинояткоронадошта баҳо дода, онро бо вожаи террорист ва экстримисти сиёсӣ, ки маъноҳои зайлро фаро мегирад, мутаносиб медонем. Ҳамзамон, аз тамоми ҷавонон ва шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамоем, ки то ба ғояҳои ифротгароии чунин ҳизбу ҳаракатҳо фирефта нагарданд ва баракс барои пойдории сулҳу субот дар кишвар муборизаи беамонро муқобили баранд.

Алиев А. Р.,
ом
ӯзгори кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *