ТЭТ ҲНИ манфиатҳои геосиёсии хоҷагони хориҷии худро ҳимоя мекунад

 

Дар воқеъ таъмини амният ва субот ва ҳифзи сулҳу оромӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсат ва барномаи давлати Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳама гуна барномаи тавсеъа ва пешрафт, дар ҳар соҳа ва самте, ки набошад, танҳо дар бистари сулҳу субот ва амнияту оромиш қобили иҷро мебошад. Ҷомеаи Тоҷикистон, ки як давраи ҷангӣ дохилии панҷсоларо пушти сар гузоштааст, ба сулҳу субот ва амнияту оромиш арҷ мегузорад ва бо ҳар василае талош мекунад, то сулҳу суботи барқароргаштаро ҳифз кунад.

Аммо ғаразҳои сиёсии ТЭТ ҲНИ, ки ба манфиатҳои геосиёсии хоҷагони хориҷии худ алоқаманд мебошад, ҳамаи ин дастовардҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро наметавонист бинад. Дар ниҳоят ТЭТ ҲНИ моҳи сентябри соли 2015 бо дастаи Ҳоҷиҳалим Назарзода, ки дар он вақт вазифаи муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, хост дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ амалӣ созад, аммо ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Овози баланди мардуми мо “Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”-пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳеҷ вақт ба мақсади худ нахоҳанд расид. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИТ-ро ба назар гирифта бо Қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ карда шуд ва он чун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон гардид. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гуруҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии азизамон саҳми худро гузорем.

Халқи тоҷик  хуб дар ёд дорад, ки дар он солҳо Ҳизби наҳзати ислом бо роҳи фиреб баъзе одамони гумроҳро ба майдонҳо ҷамъ оварда, майнаи сари баъзе ҷавонони гумроҳро шуста, зинда ба зинда ҷанозаи онҳоро мехонданд, ки мислаш дар дигар созмонҳои терористии байналхақӣ вуҷуд надорад.  Дар он давра дар дегҳо ҷӯшонида хурокҳои гуногун, бо яроқҳо таъмин будани тарафдорони онҳо дар минбар суханрониҳои Эшони Қиёмиддину Ғозиву, Мавлавии Аёмиддин ҷомеаро ба таҳлуқа андохта буд.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон хуб медонад, ки гирдиҳамойӣ ва носазогӯии онҳо муғризона ва аз рӯи ҳасад мебошад. Зеро Тоҷикистон ҳоло тинҷу ором ва мардумаш сарҷамъ буда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз то рӯз ободтар мешавад.

Баҳодуров Ҳ,

Ҳоҷиев А,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *