ТЭТ ҲНИ ИЛЛАТ БА МИЛЛАТ МЕЗАНАД

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Содиқлар», «Таблиғ», созмонҳои «Ҷиҳоди исломҷ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам», «Толибон», «Гурӯҳи 24», «Ҳизби наҳзати ислом» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.Вобаста ба ин, фаъолияти яке аз ин ҳизбҳоро аз қабили ТЭТ ҲНИ-ро таҳлилу хулосабарорҷ карда қайд менамоем, ки ин ҳизб дар зарфи тамоми фаъолияташ бо истифодаи ҳар гуна фитнаву дассиса бо бадномсозии ҳокимони давр, танқиди сиёсати замона мехоҳанд, режиме барқарор сохта бошанд, ки дар он сарвар ҳокимияти олӣ дошта, амалу кирдорҳои онҳо танқиднопазир бошад. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки пайравони ТЭТ ҲНИ орзуманди бунёди тартиботи авторитарӣ ва инкори низоми сиёсии демократии ҳуқуқбунёд мебошанд. Умуман, назардошти тағйирдиҳии сохтори сиёсии Тоҷикистон ошкоро нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ нисбат ба халқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо бетараф мебошад. Доштани ҳадафи зиддиконститутсионӣ худ шаҳодатгари он аст, ки бо соҳиб шудани ҳокимият низ хунрезиҳову ошӯбаҳо дар байни ҷомеа идома меёбанд. Чунин амалҳои хурофотпарастонаву ваҳдатшиканона назди бадномсозии дини мубини ислом дар арсаи байналхалқӣ ҳеҷ аст.
Пайравони ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Дортмонди Олмон барои амалисозии ҳадафи нопок – ба даст овардани ҳокимият ва татбиқи он аз номи дини маъруфу шинохтаи олам баромад карда истодаанд. Чунин рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад. Имрӯзҳо беш аз пеш собит гардида истодааст, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Дар сари ҳамин гуна гурӯҳҳои ифротӣ шахсияти хиёнатгори миллат Муҳиддин Кабирӣ буда, кӯшиш менамояд, ки ҷавонони ноогоҳро ба сӯи ҷангу хунрезӣ хонад. Барои ҳокимиятро ба даст овардан аз ягон кори зишт даст намекашад. Дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз ба василаи ҳамин симои манфур гоҳо мардуми тоҷик хурофотиву динзада муаррифӣ мегардад, ки боиси нигарони буда иллат ба миллат мезанад. Маҳз бо ташаббуси ҳамин гуна шахсиятҳои хатарзо ва хиёнаткори ҷомеа баъзе давлатҳо майдони ҷангу хунрезӣ гардидаанд. Аз ин рӯ, салафияву ваҳҳобия ва ТЭТ ҲНИ мехоҳанд, ки дар кишвари мо оташи ҷангу хунрезӣ дубора авҷ гирад ва намояндагонаш ба ҳадафҳои нопок ва нанговари худ бирасанд. Ин гурӯҳҳо имрӯз берун аз кишвар бо дастуру супоришҳои ғаразмандона ва хиёнаткоронаи хоҷагони худ кӯшиш доранд бо ҳар гуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора ноамн созанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст. Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

Мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ
Муродҷон Неъматов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *