Терроризм – вабои асри  ХХ1 

Терроризм  вожаи  лотинӣ буда, яке аз шаклҳои даҳшатафкани бо роҳу воситаҳои гуногун ба мисли куштор, тарконидан, истифодаи маводҳои заҳролудкунанда ва ғайра мебошад, ки дар ҷаҳони муосир доим дар тағйирот аст.

Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифратгароӣ имруз ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта,оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор ммеорад.

Имрўз дар дунё ҳаргуна гурўҳҳои манфиатхоҳ аз надонистани қонун, дониши пасти сиёсӣ, хурофотпарастӣ ва паст будани вазъи иљтимоии аҳолӣ истифода намуда, онҳоро баъзан ба содир кардани амалҳои террористӣ қалб менамоянд.

Амалҳои террористие, ки рўзҳои охир дар Аврупо рўй доданд ва амали террористие соли гузашта , ки боиси сукути ҳавопаймои Россия гардида, садҳо одамонро аз ҳаёт мањрум ва  садњо оилаи бегуноњро ба ғаму андўҳ гирифтор карданд, тамоми мардуми сулњпарвари дунёро ба ҷунбиш оварданд.

Чи тавре, ки ҳодисаҳои охири сиёсии кишвар нишон доданд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сарварии он ҳамчун пуштибони молиявии гурўҳи террористии Ҳоҳӣ Ҳалим Назарзода баромад намуданд. Муҳиддин Кабирӣ мехост бо роҳи дастгирии молиявии террористон ба њокимият соҳиб шавад, аммо ҳадафҳои пинҳонкоронаи  ў барбод рафтанду ў аз Туркия ҳам ронда шуд ва имрўз боз дар Аврупо бо бадном кардани Тоҷикистон аз паи ёфтани «хоҷагони  нав»  ҳамчун гурезаи сиёсӣ оворагардӣ менамояд.

Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда қайд намуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқадоранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.

Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри  ХХ1  имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Имрӯзҳо дар бархе аз кишварҳои ҷаҳонӣ ислом, хусусан давлатҳои арабӣ – Сурия, Ироқ, Яман, инчунин Афғонистон амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд,  ки вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ноором  буда, мардуми осоишта  қурбони  амалҳои  гурӯҳу ҳаракатҳои  терророристӣ ва ифротгароӣ гардидаанд. Хусусан зуҳури давлати исломии Ироқу Шом  барои амнияти минтақа ва ҷаҳон  таҳдидҳои навро эҷод сохтааст.

Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таҳким ёбад ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини ислом нагарданд. Зеро хоинони ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои  нопоки худро нисбат ба дини ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист,  амалӣ созанд. Имрӯзҳо терроризм ва  экстремизм  бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату  ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои  ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва экстремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дарвоқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки  шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди исломанд. Нафароне,  ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусалмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.

Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидҳои суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро накунем.

Имрӯзҳо  гурӯҳҳои ифротгаро бархе аз ҷавононро, ки дар Русия муҳоҷират доранд, бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди  «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда,  ба доми макри худ мекашанд.

Экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошанд. Занони мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда,  ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки  бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти  ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

                                                                                             Тоҳирова М.М.,

н.и.ф., омузгори калони

кафедраи  забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

                                                       

 

10 Комментариев для “Терроризм – вабои асри  ХХ1 ”

  1. Терроризм вожаи лотинӣ буда, яке аз шаклҳои даҳшатафкани бо роҳу воситаҳои гуногун ба мисли куштор, тарконидан, истифодаи маводҳои заҳролудкунанда ва ғайра мебошад, ки дар ҷаҳони муосир доим дар тағйирот аст.
    Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифратгароӣ имруз ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
    Имрўз дар дунё ҳаргуна гурўҳҳои манфиатхоҳ аз надонистани қонун, дониши пасти сиёсӣ, хурофотпарастӣ ва паст будани вазъи иљтимоии аҳолӣ истифода намуда, онҳоро баъзан ба содир кардани амалҳои террористӣ қалб менамоянд.
    Марг ба терроризму экстремизм ва ифтрогароён!

  2. Бисёр мақолаи хуб. Ташаккур муаллима. Таҳлилҳои хуб кардед. Мо бояд ақли солимро кор фармуда, ба падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм муборизаи беамон барем.

  3. Чи тавре, ки ҳодисаҳои охири сиёсии кишвар нишон доданд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сарварии он ҳамчун пуштибони молиявии гурўҳи террористии Ҳоҳӣ Ҳалим Назарзода баромад намуданд. Муҳиддин Кабирӣ мехост бо роҳи дастгирии молиявии террористон ба ҳокимият соҳиб шавад, аммо ҳадафҳои пинҳонкоронаи ў барбод рафтанду ў аз Туркия ҳам ронда шуд…

    1. Дуруст мо аз ҳодисахои солҳои охир рух дода, огаҳии комил дорем. Маҳз баъди қонуншиканиҳои зиёд Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро дар кишвар мамнуъ ва онро ҳизби террористӣ эълон кард. Аслан Ислом ба ҳизбу ҳизббозӣ ниёз надорад.

  4. Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

  5. Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

  6. Терроризм дар шароити муосир ба бисёр давлатхо талафоти зиёд оварда истодааст. Хам талафоти чони ва хам талафоти иктисоди.

  7. Офарин устод Тохирова! Бенихоят маколаи пурмухтаво

  8. Дар хакикат терроризм вабои аср мебошад. Мо бояд хаматарафа барои решакан кардани он мубориза барем

  9. Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидҳои суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст. Мо чавонон бояд хушёру зирак нисбати ин вабои аср бошем

Leave a Reply to Ризокулов Т Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *