Терроризм чунин шакли гурўҳҳои ҷинояткор буда, ки ба марги беасоси мардум, талаю тороҷи молу мулки онҳо, тарсонидани онҳо сабаб мешавад. Маълум аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо омили калидии роҳандозӣ ва пешбурди равандҳои созандаи рушду устувор дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ ба шумор меравад.
Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ имрӯз ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Чунин воқеият моро водор месозад, ки пайгирона дар ҷустуҷӯи роҳҳои муассири решакан кардани чунин гурӯҳҳо бошем.
Тайи якчанд солҳои охир дар ин самт садҳо ҳамоиши минтақавию байналмилалӣ баргузор гардида, эъломияҳои зиёде қабул гардиданд, ки то ҳол натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд.
Бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз буёндҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар қарор гирифтаанд. Дар натиҷа терроризм ва ифротгароӣ ҷущрофияи паҳншавии хешро дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатнок васеъ кардаанд. Ин таҳдидҳо хатари аз байн рафтани кишварҳоро ба миён оварда, боиси ҳалокати садҳо ҳазор нафар одамон ва харобиву ҳисороти бемисл гардиданд.
Ҳамчунин, мавриди нигаронист, ки дар ин раванд кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини ислом ва сӯиистифода аз номи поки он хусусияти зуҳуроти хатарнокро овардааст.
Гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрди хунини мазҳабҳои этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд. Дар бобат пешвои миллат Эмомали Раҳмон борҳо изҳор кардаанд, ки террористу афротгаро на ватан ва на миллату мазҳаб дорад.
Дар асри гузашта мардуми тоҷик дар роҳи эъмори давлати соҳибихтиёр ва ҷомеаи мутамаддин рӯзҳои вазнинро пушти сар кард. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлати кишвар мо бо падидаи густурдаи зуровариву мудохила аз хориҷ ва таҳлили андешаву равияхои бегона ба сари мардум, ки аз щояҳои ифротгароиву терроистӣ манба мегирифт, рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷаи ҷанги хунин садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонаву дар ва гуреза шуданд.
Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки ҳама гуна неруҳое, ки барои расидан ба чунин мақсадҳои щаразноки хеш аз номи поки ислом сӯиистифода мекунанд, ҳаргиз мавриди пуштибонии ҷомеа қарор намегиранд.
Асоси талошҳои моро дар ин ҷода Стратегияи глобалии мубориза бар зидди терроризм ташкил медиҳад. Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пирӯзӣ бар терроризм танҳо бо истифода аз неруи низоми щайриимкон аст. Аз ин лиҳоз омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавиро, ки терроризм ҳамчун зуҳурот аз онҳо маншаъ мегирад, муайян ва пурра омӯхта шуда истодаанд.
Беморӣ, камбизоатӣ ва сатҳи пасти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари омилҳои алоҳидаи руҳиву маънавӣ ба зуҳури тундгароӣ ва терроризм мусоидат мекунад. Дар ин замина дастгирии ҳамаи мо зарур аст. Мо маҳзаби таҳаммулгароии худро дорем ва пири маҳзаби мо шахсияти бузурги олами Ислом – Имоми Аъзам Абӯханифа мебошад. Мо ҳаргиз мӯҳтоҷи ҷахонбиниву маҳзаби бегона нестем ва кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеона маҳкум мекунем. Давлати мо ҳамчун миллати тамаддунсоз зарур аст, ки барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ аз тамоми имкониятҳо кор бигирем, зеро оқибатҳои чунин амалҳо пушаймонист.
ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР
Шарипова Ш.А.
Терроризм чунин шакли гурўҳҳои ҷинояткор буда, ки ба марги беасоси мардум, талаю тороҷи молу мулки онҳо, тарсонидани онҳо сабаб мешавад. Маълум аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо омили калидии роҳандозӣ ва пешбурди равандҳои созандаи рушду устувор дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ ба шумор меравад.
Дар асри гузашта мардуми тоҷик дар роҳи эъмори давлати соҳибихтиёр ва ҷомеаи мутамаддин рӯзҳои вазнинро пушти сар кард. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлати кишвар мо бо падидаи густурдаи зуровариву мудохила аз хориҷ ва таҳлили андешаву равияхои бегона ба сари мардум, ки аз щояҳои ифротгароиву терроистӣ манба мегирифт, рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷаи ҷанги хунин садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонаву дар ва гуреза шуданд.
Гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрди хунини мазҳабҳои этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд. Дар ин бобат Пешвои миллат Эмомали Раҳмон борҳо изҳор кардаанд, ки террористу ифротгаро на ватан ва на миллату мазҳаб дорад.
Бале андешаи дуруст ва солим. Нест бод терроризму ифротгароён!
. Аз вокеахои чахон сабак бояд омухт. Барои терроризму экстремизм ва ифротгароён дар кишвари мо чой нест.
Зинда бод Точикистони сохибистиклол, демокративу дуняви ва озоду мустакил.