ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ПАДИДАИ НАНГОВАРИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

 

 Имрӯз бештари наҳзатиёни фирорӣ, бахусус роҳбари он М.Кабирӣ бо тарҳрезӣ кардани нақшаҳои ғаразноки навбатиаш дар Аврупо қарор дошта, бо суиистифода аз боварии кишварҳои аврупоӣ, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таблиғоти васеъ бурда, баъзе ҷавонони гумроҳро ба доми худ меандозанд. Сипас бо ҳамкории хадамоти ҷосусии кишвари ҳомии ҲНИ ҷавонони фирефташудаи тоҷикро бо додани раводиди он кишвар, ба Афғонистон мефиристанд, то ба гурӯҳҳои қаблан омоданамудаи террористии ҲНИ бипайванданд. Гумроҳшудагон дар шимоли Афғонистон ҳамроҳ бо дигар созмонҳои террористӣ таҷрибаи ҷангӣ омӯхта, тибқи супориши хоҷагонашон амалҳои тахрибкоронашонро иҷро мекунанд. Масалан, санаи 20 ноябри соли 2020 иштироки онҳо дар ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба ноҳияи Моймайи вилояти Бадахшони Афғонистон буд. Дар ин ҳодиса чанд нафари гумроҳи зодаи Тоҷикистон, ки тавассути ТТЭ ҲНИ ба террористони ваҳшӣ табдил ёфта буданд, сарбозони артиши Афғонистонро асир гирифта, сар буриданд ва ин кори худро тариқи шабакҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо намояндагони ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии Давлати исломии Ироқу Шом, Ал – Қоида, Бародарони мусулмон ва дигар равияҳои ифротӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ иштирок намудаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо чунин мисол овардан мумкин аст, ки тибқи хабаргузории “Интерфакс”-и  Федератсияи Русия бо такя ба маълумоти мақомоти курд беш аз 150 ҷангҷӯйи гурӯҳи тундрави Давлати исломии Ироқу Шом-ро дастгир кардаанд ва дар он беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Бо назардошти ин далелу исботи амиқ ТТЭ ҲНИ як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, дар ҳақиқат аз Давлати исломии Ироқу Шом ва дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надорад.

Хулоса вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

ВАЛИЕВ А.,

ассистенти кафедраи

 иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *