ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ-ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ

«Мубориза бо терроризм ва экстремизм  муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд»
Эмомалӣ Раҳмон

Айни ҳол терроризм яке аз муаммоҳои ҷаҳонии асри 21 ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи фаъолияти ҷиноятии ташкилотҳои хавфноктарини террористӣ ва экстримистӣ ба кишварҳои ҷаҳон зарари калони иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ расонида шуда истодааст.
Ҳодисаҳои даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки решакан кардан, инчунин дарёфти усулҳои умумӣ ва барои ҳамаи кишварҳо имконпазири паст намудани дараҷаи таҳдиди терроризм хеле мушкил мебошад. Бисёр масъалаҳо вобаста ба сиёсати зиддитеррористӣ то ҳол мавзӯи баҳсҳо ба ҳисоб меравад. Яке аз масъалаҳои мушкил ин дар шароити мубориза бар зидди терроризм, ки аз ҷониби давалат қабули чораҳои фавқулодаро оид ба бартараф намудани амалҳои террористӣ ва ҷалб намудани шахсони ба он вобаста ба ҷавобгарӣ талаб мекунад, таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои фундаменталии инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини амнияти миллӣ ва иқтисодӣ мебошад.
Терроризми байналхалқӣ яке аз шаклҳо хатарноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад, ки бисёр давлатҳои ҷаҳон ба он рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Дар шароити номӯътадилии сиёсӣ ба кадом давлат таъсир расонидани тероризмро аниқ намудан хеле мушкил аст, бинобар ин сиёсати ҳар як кишвар бояд чорабиниҳои зиддитеррористиро бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии фаъолияти террористӣ пешбинӣ намояд.
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом, ки дар ибтидои фаъолияташ барои расидан ба мақсади асосӣ-соҳиб гардидан ба ҳокимият, аз амалҳои террористӣ васеъ истифода мекард, сабабгори асосии сар задани ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон гардид. Пас аз он ки байни ИНОТ ва Ҳукумати қонунии мамлакат сулҳ баста шуд, ҳамагон бовар ба он доштанд, ки минбаъд дар асоси Конститутсия ва Созишномаи сулҳ ҳамаи масъалаҳои баҳсбарангез байни нерӯҳои мухолиф ҳалли худро меёбад. Вале солҳои охир шояд аз сабаби “бой” додани мавқеи сиёсӣ ва “обрӯи қаблӣ” ҲНИТ боз ҳамон усули пештара, яъне амалҳои террористиро пешаи худ қарор дод. Дар ин бобат баёни як нукта зарур аст, ки бо кадом роҳ ин ҳизб маблағ ба даст оварда, қувва ҷамъ намуда, билохира ба тарҳи нақшаҳои ғаразнок пардохт? Маҳз ана ҳамин масъала собит менамояд, ки дар амалкардҳои ин ҳизб иштироки қувваҳои беруна ё ба истилоҳ “хоҷагони хориҷӣ” ба чашм мерасад. Бо ибораи дигар ҲНИТ як василаи хуб барои тарҳрезии нақшаҳои ғаразноки терроризми байналмилалӣ дар Тоҷикистон буд, ки ба ҷойи таъмини амният ва суботи сиёсӣ худи ин ҳизб ба андешаи ифротгароён пайваст.
Таҳлили мафҳуми «терроризм» нишон медиҳад, ки дар адабиётҳои иҷтимоӣ – сиёсии давлатҳои хориҷа миқдори зиёди тавсифи ин мафҳум мавҷуд аст. Омили асосии гуногун будани тавсифҳо ин вобаста ба вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, инчунин миллӣ, динӣ ва анъанаҳои фарҳангии дар кишварҳо дар шакли гуногун зоҳир шудани он мебошад.
Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст.  Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, таҳти № 846 «Терроризм» – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони хуқуқӣ, хамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва хуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояаи  байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ  ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти химояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатхои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.
Яъне, бо таври дигар гуфтан мумкин аст, ки терроризм аз рӯи моҳияти худ ин истифодаи бонизоми  бо сабабияти мақсадҳои иҷтимоӣ ё сиёсӣ, ё аз ҷиҳати идеологӣ асоснокшаудаи таҷовуз ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, тарсонидани онҳо, фишороварии психологӣ барои расидан ба мақсадҳои худ шарҳ додан мукин аст.
Сабабу омилҳои пайдошавӣ ва зоҳиршавии терроризму ифротгароӣ хеле гуногун аст. Ба андешаи баъзе коршиносон сабаб ва омилҳои зерини зуҳуршавии терроризму ифротгароӣ номбар гардидааст:
Якум, афзудан ва густариши нобоварӣ ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем». Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба равияҳои ифротгароӣ он шахсоне бисёртар шомил мешаванд, ки аз ҷиҳати руҳӣ ноустувор, бекор ва ба оворагардӣ машғуланд. Ва маҳз ҳамин камбудиҳоро равияҳои ифротгароӣ истифода менамоянд.
Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.
Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.
Самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ин сӯиқасд ба якпорчагии давлат, паст намудани ҳолати иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Террористон бо истифода аз воситаҳои иқтисодии  дискриминатсионии ҳамла тарзҳои гуногуни таъсиррасонӣ ба амнияти иқтисодиро истифода мебаранд.
Хусусиятҳои хос ва нишонаҳои асосии зоҳиршавии терроризми муосири байналхалқӣ падидаҳои зеринанд:
– афзоиши миқдории амалҳои террористӣ, беорона ва зулмона будани иҷроиши онҳо, сатҳи баланди маблағгузории фаъолияти террористӣ;
– аз ҷониби давлатҳои гуногун истифода бурдани гурӯҳҳои алоҳидаи террористӣ барои васеъ гардонидани соҳаи нуфузи геосиёсӣ;
– иштироки ташкилотҳои байналхалқии террористӣ барои паҳн намуданинуфузи худ дар дигар минтақаҳо, кӯшишҳои фаъолона барои муқаррар намудани назорат аз болои қаламравҳои дорои захираҳои бойи энергетикӣ, канданиҳои фоиданок;
– корозмудагӣ ва омодагии террористон дар асоси таҷрибаи зиёди иштироки онҳо дар низоҳои гуногун;
– хусусияти ҳамгироии гурӯҳҳои террористӣ;
– кӯшишҳои фаъолона баҳри соҳиб шудан ба яроқи қатли ом барои эҳтимолияти истифодаи он;
– алоқаи терроризм бо кирокорӣ (наемничество);
– истифодаи васеъи воситаҳои техникии муосир аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ;
– номуайян будани сарҳад байни терроризми байнидавлатӣ ва байналхалқӣ;
– кӯшишҳои пешравони баъзе ташкилотҳои террористӣ ба фаъолияти худ мансуб донистани муборизаи миллӣ – озодихоҳӣ;
– зоҳиршавии шаклҳои нави терроризм – иттилоотӣ, электронӣ (компютерӣ).
Терроризм дар пеши худ мақсади бартараф намудани ҳуқуқи инсон, демократия ва қонуният гузошта ва ба ин восита ба амнияти давлатӣ таъсир мерасонад.
Ҳамин тариқ, муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм бояд дар асоси эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва қонуният пеш бурда шавад. Барои ин чунин стратегияҳои миллии зиддитеррористиро коркард намудан лозим аст, ки метевон амалиётҳои террористиро пешгирӣ намуда, шахсони ба он дастзадаро барои ҷавобгарӣ кашид ва ҳамзамон ҳимояи ҳуқуқи инсон ва принсипи волоияти қонунро таъмин намуд.  Онҳо бояд чораҳоро оид ба бартараф намудани шароити барои паҳншавии терроризм мусоидаткунанда, ба монанди эътироф накардани қонун ва вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон, дискриминатсияи нажодӣ, миллӣ ва динӣ, маҳдудкунии сиёсӣ пешбинӣ намояд. Иштироки ҷамъияти шаҳрвандиро ҳавасманд гардонад, вайронкунии ҳуқуқи инсонро маҳкум созанд.

Ҷалолов Н. М.,
Сайфиддинов Э. И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *