ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ – ХАТАРИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб- терроризм ва экстремизм мебошад, ки хатари ҷомеаи имрузаро ба бор оварда, тамоюли паҳншавиро дорад. Ин ҳолат боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд ин падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ташкилоти террористӣ амал мекунанд, ки дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Дар робита ба ин ќайд кардан бамаврид аст, ки тибќи маълумоти Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка танњодар соли 2011 дар маҷмӯъ дар 70 давлати ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор амалҳои террористӣ ба вуқуъ пайваста, дар натиҷаи онҳо зиёда аз 12,5 ҳазор одам ҳалок шудаанд ва умуман дар дањсоли охир беш аз 72135 амалњои террористӣ содир шудааст.
Мисоли дигар, санаи 3 январи соли 2024 дар шаҳри Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими чорумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯҳои Қудс, ду амали таркиши мудҳиш содир шуд, ки дар натиҷа 103 нафар ба ҳалокат ва 211 таи дигар захмӣ шуданд. Тибқи ниҳоди ҳолатҳои фавқулодаи Эрон миёни қурбониён 6 нафар кӯдакон ҳам ҳастанд. Содиршавии ин таркишҳоро ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ба ӯҳдаи худ гирифтааст. Ёдовар мешавем ДИИШ қаблан низ масъулияти чанд таркиш ва ҳамла ба зиёратгоҳҳо дар Эронро ба уҳда гирифта буд, ки амали террористӣ тирамоҳи соли 2022 дар зиёратгоҳи Шоҳчароғ рух додааст ва дар натиҷаи таркиш 13 нафар ба ҳалокат расида буданд. Дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини Ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Њисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст. Хулоса њалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ , Ал-Қоида ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Дар робита ба ин, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳои таъсирпазири падидаҳои зикргардида, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намудаанд, ки терроризму экстремизми диниро дар замони муосир аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар барои аҳли башар маънидод намудаанд. Ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.
Дар иртибот ба масоили матраҳгардида борҳо Сарвари кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд: “Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.
Хулоса, мо ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири бахши кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ
дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *