Омӯзиш марбут ба масоили терроризм ва экстремизм дар пажӯҳишоти зиёди илмии таҳлилгарон, олимону сиёсатмадорон мавриди баррасӣ қарор гирифта проблемаи мазкур онро тақозо дорад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шаванд. Зеро ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон, ки дар феҳристи созмонҳои террористии Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, вазъро дар Афғонистон аз 15 августи соли 2021 бо забти Қобул ва умуман Афғонистон боз ҳам мураккаб намуда, боиси ташвиш ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баробари ин яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили ДИИШ, Ал –Қоида ва равияҳои ифротӣ, ки рӯйхаташон ба садҳо расидааст, созмон ёфтаанд ва бештари аъзоёнашон алҳол дар қаламрави Афғонистон фаъолият доранд. Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо маблағ меистанд.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Дар иртибот ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои хеш ва инчунин дар ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ муҳим аст.
АБДУСАМАДОВА Х.Ғ.,
муаллими калони
кафедраи назарияи иқтисод