Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир!

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Дар  ибтидои қарни XXI  инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рў ба рў гаштааст, ки номи он терроризми байналми- лалӣ  мебошад.  Ҳоло касе  гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муштаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид.охири қарни XIX ва  XX амалҳои террористӣ хеле васеъ мегардад. Амалёти террористӣ, ки 11-сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидмаи Амрико анҷом дода шуд бо бераҳмӣ, густоҳӣ ва одамони  қурбоншуда бесобиқа мебошад.  Ҳанўз як сол нагущашта, террористон 23-26 октябри  соли 2002 дар Москав кўшиш гузаронидаи чунин амалиётро  бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан мардуми бегуноҳ намуданд, ки дар на- тиҷаи амалиёти зидди террорист даҳҳо нафаз шаҳрвандони бегуноҳи Маскав ба ҳалокат расидаанд. Терроризм содир намудан амалҳое ме- бошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бе тараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамиятӣ, тарсонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурўҳҳои дигари этиникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварда, ки он мумкин ба ифратгароӣ сабзида расад.

             Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу  озодиҳои инсон ва шаҳрвандон поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгороӣ асосҳои маънавии ҷомеъаро вайрон намуда, амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили    ифратгароӣ  бояд ҳама мубориза баранд. Имрўз терроризм беш аз пеш хусусиятҳои фаро -миллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатарӣ иҷтимоӣ доард ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеъан дтаҳдид эҷод менамояд. Мутасифона дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

      Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм ва дигар густариши терроризм, фундаментализм, экстремимзм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатар авзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

      Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «terror») сарчашма гирифта, маънояш «Тарс ва ваҳм»  аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан,  ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Нахус- тин баҳсу мунозираҳо  миёни мутафиккирон, диншиносон ва баъзе уламои ҳуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мак- табу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиноси Ғарбу Шарқ равшангири ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлатии адабқудрати собиқ шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Бо андешаи мутафаккири машҳури немис К. Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ба моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

    Бо мақсади татбиқ  ин сиёсат муборизаи гусурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди дини тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ, боқимондаҳои динӣ, кўҳанпарастӣ, ҳуруфо аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дини тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва этиқоди динӣ дар  аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокуниширо бармеангехт.

    Экстремизм – аз калимаи франсузи «extremisme»ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифтирогароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои инсон дар дин, сиёсат, идеологи, илм ва ҳатто варзиш низ ба миён ояд. Мутасифона, дар олами ислом равиҳое  низ арзи вуҷуд кардаанд, ки  баъзе амлҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардиданд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва он иснод меорад. Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое, ки кўшиш менамояд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкори ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстре – мизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал омадааст. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд?  Ба ин савол ҷавобу дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст: Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси маъюсӣ, ноборавӣ  ва парешонӣ аз зиндагӣ. Дуюм, ҷарайёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозандва ҳатто тамоман ва аз байн мебаранд. Натиҷаи он на ҳама вақт мусубату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид нафрат, эътироз ва муқобилиятро дар ба миён меора. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣва ҷудоӣ аз равандӣ ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳамммулпазирӣ гардад. Сеюм омиле ки дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон ривоҷ ёфтааст – ин эҳсоси беадолатиӣ ба ислом ва пайравони он аст.

Исмоилова М.,

Дадохонова М.,

Раҷабова Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *