Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир!

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Дар ибтидои қарни XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рў ба рў гаштааст, ки номи он терроризми байналми- лалӣ мебошад. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муштаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид.охири қарни XIX ва XX амалҳои террористӣ хеле васеъ мегардад. Амалёти террористӣ, ки 11-сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидмаи Амрико анҷом дода шуд бо бераҳмӣ, густоҳӣ ва одамони қурбоншуда бесобиқа мебошад. Ҳанўз як сол нагущашта, террористон 23-26 октябри соли 2002 дар Москав кўшиш гузаронидаи чунин амалиётро бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан мардуми бегуноҳ намуданд, ки дар на- тиҷаи амалиёти зидди террорист даҳҳо нафаз шаҳрвандони бегуноҳи Маскав ба ҳалокат расидаанд. Терроризм содир намудан амалҳое ме- бошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бе тараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамиятӣ, тарсонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурўҳҳои дигари этиникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварда, ки он мумкин ба ифратгароӣ сабзида расад.
Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгороӣ асосҳои маънавии ҷомеъаро вайрон намуда, амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Имрўз терроризм беш аз пеш хусусиятҳои фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатарӣ иҷтимоӣ доард ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеъан дтаҳдид эҷод менамояд. Мутасифона дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *