ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ТАҲДИД БА ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Имрӯз мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Хулоса, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сабаби асосӣ дар он аст, ки қувваҳои махсус барои амалӣ намудани манфиатҳои худ, бахусус аз дини мубини Ислом сӯистифода мекунанд. Роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд. Пӯшида нест, ки истифодаи қувва ва зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ рӯз ба рӯз бештар мушоҳида мешавад. Воқеан соли охир зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои террористон ва ифротиён қарор гирифтанд. Ин вазъро қаблан дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва имрӯз бошад мо ин ҳолатро дар Афғонистон мебинем. Хулоса торафт доман паҳн намудани ҷуғрофияи нооромиҳо ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ таҳдиди бевосита эҷод мекунад. Созмону гуруҳҳои ифротӣ, алалхусус ДИИШ ва амсоли ин зери ниқоби Ислом амал намуда, кӯшиш мекунанд дар асоси ғояҳои “муҳоҷират”, “ҷиҳод” ва “шаҳодат” низоми ҳуқуқии мавҷударо бо роҳи тадриҷан заҳролуд кардани зеҳни ҷавонон ба эътидол оранд ва тазоҳуроти оммавии зиддиҳукуматро ташкил кунанд, гарчанде бар хилофи дини мубини Ислом аст. Мутаассифона, баъзе шахсон ба ҷойи шукрона аз сулҳу ваҳдат, оромиву суботи ҷомеа, давлату давлатдории миллати солору бофарҳангамон, ободиву шукуфоӣ ва эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Тоҷикистони азизамон ба доми фиреби ДИИШ, ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаракатҳои тундрави динӣ ва ташвиқу тарғиби афкоре, ки хилофи мазҳаби аҷдодиамон – ҳанафия мебошад, гароида истодаанд. Дар иртибот ба ин, бояд ёдовар шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 800 нафар узви ТТЭ ҲНИ барои алақамандӣ бо ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дастгир гардида, зиёда аз 1000 нафарро барои гирифтани таълимоти террористӣ-экстремистӣ ба пойгоҳҳои террористиву экстремистии кишварҳои хориҷӣ фиристодааст. Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 75 узви ТТЭ ҲНИ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣва экстремистии ДИИШ, “Ансоруллоҳ”, «Ихвону-л-муслимин, “Салафия” “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Гуруҳи- 24” ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд.Баробари ин бояд қайд кард, ки тибқи иттилои Прокурори вилояти Суғд дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз моҳи декабри соли 2022 то ба имрӯз дар миқёси вилоят 1633 нафар ҷинояткорон дар кофтуков мебошанд. Аз ин теъдод 662 нафар дар кофтуков буда, дастгир шудаанд. Аз ин 102 нафарашон ҷиноятҳои террористиву экстремистиро содир намудаанд.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи имрӯза аст.Умуман, вазъияти баамаломада аз ҳар фарди кишвари соҳибистиқлоламон талаб мекунад, ки имрӯз аз дирӯза имрӯз бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, якҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд.

Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *