
Мусаллам аст,ки хатари муосири терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ мебошад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ин ҳолат таҳдид ба амнияти ҷомеа аст.
Бояд ёдовар шуд, ки терроризм бо рангу ҷилоҳҳои нав пас аз сарнагун сохтани реҷаи авторитарии яке аз давлатҳои араб Ливия равшан аён шуд. Қурбониҳои инқилоби ливиягӣ, ки дар натиҷаи мудохилаи қувваҳои беруна амалӣ гардида буду бадтар ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта буд. Оқибат ба ин давлат зарари иқтисодии калон расонида шуд. Дар натиҷаи ҷанг давлатдории ин мамлакат аз байн бурда шуду ба ҳамсоядавлатҳои он ҳам зарар расид. Баробари ин, бояд қайд кард, ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи кишварҳо чун Сурия, Ироқ ва Ливия, бештари аъзоёни ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ба таври ошкору пинҳонӣ бештари аъзоҳояшон дар қаламрави Афғонистон ва кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ низ маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, мутаассифона, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст. Чунончи “Давлати исломӣ” пайваста дар Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ ташкил мекунад, ки қурбониёни он шаҳрвандони осоишта мебошанд. Хулоса, терроризм зодаи экстремизм ва бадтарин падидаи номатлуби инсонӣ мебошад.Терроризм фаъолиятест, ки баҳри дигаргунсозии сохти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, вайронсозии идеологияи давлатӣ, таѓйирдиҳии идоракунии давлатӣ ва режими давлатӣ, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ бо методҳои ҷиноӣ ва террор мебошад.

Бартараф намудани хатари террористӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии давлат дониста мешавад. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард,ки Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бо хатарҳои номатлуби ҷомеа истодагарӣ намуда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ҳамоҳангӣ, робитаи мусолиҳатомез, кўшиши бидуни зўроварӣ ва тариқи сулҳу созиш ҳал намудани мушкилоту проблемаҳои умумибашариро сипари шамшери разолат намудааст. Дар партави ташаббусҳо, азму талошҳо, кўшишҳои шабонарўзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рафъи хатарҳои глобалӣ, зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизм ва дигар падидаҳо оѓоз аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хатар эҷод кардани вазъи кишвари ҳамсояи Афѓонистон дар симпозиму ҷаласаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ ибрози назар карда, дар самти пешгирӣ ва рафъи хатарҳои глобалӣ баҳамойии гурўҳҳои даргир, бахшиши гуноҳ, омили инсонпарварию меҳанпарастӣ, сулҳу ваҳдати ягонагиро калиди сиёсати дохилию хориҷӣ маънидод мекунад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки аз рӯзи шанбеи 7 октябри соли 2023 дар байни кишвари Исроилу Фаластин даргирии низомӣ оғоз шуд, ки эҳтимол меравад ба калонтарин ва хунинтарин даргирии арабу исроил дар 50 соли охир мубаддал гардад. Ин даргирӣ ҳам мисоли ҷанги Йом Киппур дар моҳи октябр оғоз шуд. Бо гузашти як сол аз ҷанг дар Ғазза ва Исроил теъдоди қурбониёни талафоти чандин ҳазорро ташкил медиҳад. Бино бо гузориши Созмони Милали Муттаҳид наздик ба ду миллион нафар дар Ғазза манзилҳои худро аз даст додаанд.

Дар баробари ин, хушунату бераҳмӣ торафт зиёд мегардад, вазъи марги мардуми осоишта торафт даҳшатовартар менамояд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти дигарро фаромӯш карда, кӯшиш дорад, ки ҷанги васеъмиқёсро дар Шарқи Наздик пешгирӣ кунад. Ва дар ҳоле, ки ҷангиёни Ҳамос ва артиши Исроил ба куштори ҳамдигар идома медиҳанд. Ин ҷанг бо саҳнаҳои бераҳмии шадид, ки наворҳои онҳо ба шарофати шабакаҳои иҷтимоӣ фавран дар саросари ҷаҳон паҳн шуданд.
Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад. Зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Бинобар ин, кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Набояд фаромӯш кард, ки ғояҳои баланди маънавию ахлоқӣ, таълимию тарбиявӣ, хештаншиносию ватандорӣ, инсондӯстию таҳаммулпазирӣ ба мо аз ниёгони шарафмандамон мерос мондааст. Бинобар ин, омӯхтан ва дастраси умум гардонидани арзишҳои муҳимтарин педагогикаи халқӣ бояд аз вазифаҳои муқаддастарини мутахассисони ин соҳа бошад. Вазифаи виҷдонӣ ва имонии ҳар як бошандаи кишвар дар шароити имрӯза азиз нигоҳ доштани ин ҳадяи ниёгон ва боз ҳам нерӯмандтар ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақому соҳибобрӯй гардонидани он бояд бошад. Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ