
Пушида нест, ки имрӯзҳо авзои ҷомеаи ҷаҳониро бисёр ноорому бесубот ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамчунин, таҳмили ғояҳои тундгароёна ба афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти кишвар маҳсуб меёбанд. Баробари ин, қайд кардан зарур аст,ки имрӯзҳо Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ як қисми муҳимми ҳаёти инсон ва махсусан ҷавононро ташкил медиҳад. Гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ин омилро дарк карда, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро барои ҷалби ҷавонон ба фаъолияти экстремистию террористӣ истифода менамоянд. Дастрасии осону содда ба ҷавонон, номаълум ва беимзо амал кардан, танзими сусти ин раванд дар сатҳи вазорату кумитаҳо, паҳншавии глобалӣ, суръати баланди паҳн шудани иттиллоот, соддаву осон будани истифодабарӣ сабаби асоси рӯй овардани гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ба Интернет мебошад. Чунки Интернет ба як фазои бетанзим табдил ёфтааст, ки онро гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ба хотири паҳн кардани ақидаву идеологияи худ истифода менамоянд. Аксари гурӯҳҳои террористӣ васоити ахбори шахсӣ, саҳифаҳои интернетиро дар ихтиёр доранд. Ин имконият фароҳам меорад, ки гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ақидаву идеологияи худро дар тамоми, ҷаҳон тарғиб намуда пайравони нав пайдо намоянд. Маҳкамнамои чунин ВАО шахсӣ ё саҳифаҳои интернетӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд, чунки гурӯҳҳои экстремистӣ боз саҳифаҳои алтернативӣ мекушоянд. Бояд қайд кард,ки гурӯҳҳои экстремистӣ – террористӣ дар баробари истифодаи технологияҳои итилоотии муосир, ҳамчунин бо мақсади ҷалб кардани ҷавонон ба сафҳои худ, инчунин аз таъсирасонию ҷалби анъанавӣ низ фаровон истифода мебаранд. Масалан, идеологони онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба вазифаи имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ одамони ба онҳо содиқ ва фурӯхташударо пешбари намоянд то, ки онҳо ба манфиати сиёсии онҳо амал намоянд. Маълумотҳое вуҷуд доранд, ки экстремистон маҳбасхонаҳоро ба манбаи тарғибу ташвиқи ақидаҳои экстремистию террористӣ табдил додаанд. Онҳо ба воситаи тарғиби идеология салафия мувафаққона сафи худро аз ҳисоби маҳбусони олами ҷиноӣ зиёд менамоянд. Ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки маҳбусон баъди озодшавӣ аз маҳбас ба сафи гурӯҳи экстремистӣ ва террористии ДИИШ ва ё бо номи «Давлати исломӣ» мепайванданд.
Дақиқан маълум аст, ки як қатор марказҳои динӣ дар кишварҳои исломии Шарқи Наздик дар тайёр кардани экстремисту террорист корҳои зиёдро анҷом медиҳанд ва барои иҷрои ин барнома маблағи калон ҳам ҷудо менамоянд. Дар ин кишварҳо чан ҳазорщо мактабу мадрасаҳои динӣ арзи вуҷуд доранд. Ин мактабу мадрасаҳои қабули шунавандагонро аз сини 8 солагӣ оғоз карда, аксари хонандагонро аз байни оилаҳои камбизоат ва қашшоқ интихоб менамоянд. Таълиму тарбия, ҷойи хоб ва хурду хӯрок ройгон мебошад. Як қатор шунавандагони ин мактабҳои динӣ оқибат муҷоҳид ( мубориз ҷиҳодкунанда) мешавад . Бо ҳисоби миёна ин мактабҳои динии самти экстремистию террористӣ дошта, ҳар сол садҳо экстремист ва террористро тарбия менамояд.
Пушшида нест, ки дар шароити имрўза аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои шумораи барзиёди қишри ҷавон мебошанд ва дар ҳолати беэътиноӣ нисбати тавонбахшии онҳо заминаи ҷалби ин гурўҳ ба ҳар гуна созмонҳои ифротӣ ва хосияти тундгароӣ дошта ба миён меояд. Чун аксари ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба монанди Тоҷикистон, Қирѓизистон ва Ўзбекистон дар муҳоҷирати мавсимии меҳнатӣ қарор доранд чунин ҳолат метавонад заминаи дучори онҳо ба созмонҳои тамоюли ифротӣ ва террористӣ дошта гардад. Ҳолатҳои зиёде мавҷуданд, ки ҷавонони Осиёи Марказӣ маҳз ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ба сафи созмонҳои ифротӣ пайвастаанд ва ё ба Сурия ва Ироқ сафарбар гаштаанд. Хатару пешомадҳои ин равандро ба назар гирифта Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки зиёда аз 4 ҳазор муҳасиллин мактабҳои динии хориҷӣ махсусан, кишварҳои исломии Шарқи Наздик шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуда, таълимоти динӣ – мазҳабиро дар Ватан идома диҳанд.Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз 5000 ҳазор донишҷӯёни тоҷик чиҳати пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Воқеан, дар шароити имрўза таълими дурусти динӣ метавонад заминаи субот ва амният натанҳо дар кишвар, инчунин минтақа гардад ва зуҳури ҳар гуна падидаҳои миллатгароии канораро пешгирӣ намояд.
Вобаста ба масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки дар ҳар паёму баромадҳои худ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зарурати муқовимат бо ифротгароиву терроризм ва пешгирии он ёдовар мегарданд ва ҷалби тамоми нерўҳои солими ҷомеаро дар ин масир талаб медоранд. Барои мисол дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ санаи 26 декабри соли 2018 Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан чунин зикр намуданд, ки Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шўрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи 88 муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд . Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ натанҳо СММ инчунин бо Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкории судманд менамояд. Ҳамчунин, кишвари мо бо сохторҳои минтақавӣ чун-Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкорӣ менамояд.
Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Дар фарҷоми андешаи хеш ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар ҷаҳони муосир масъалаҳои экстремизм ва терроризм хеле мубрам гаштааст ва барои ҳаллу фасли он кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Барои сар задани чунин масъалаҳо дар минтақаҳои гуногуни олам созмонҳои мухталифи амниятӣ ташкил ёфтанд, ки дар шакли дастаҷамъона бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза мебаранд. Хулоса, масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.
М.МАМАДҶОНОВА ,
устоди ДИС ДДТТ