Таҳлилҳо собит менамояд, ки солҳои охир ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гуруҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ ба назар расида, ин масъала ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи имрӯза табдил ёфтааст. Воқеан, мазмуни парвандаҳои ҷиноятӣ нишон медиҳанд, ки 90 – 95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд. Масалан, дар се соли охир, яъне солҳои 2019-2020 ва 2021 ҳамагӣ дар кишвар беш аз 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ карда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғайриқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкардагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғайриқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкардагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз ин рақамҳои оморӣ ба хулоса омада, қайд кардан зарур аст, ки яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад.
Хулоса, далелу тасдиқ ва рақамҳои оморӣ, умуман раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди доғи ҷомеаи имрӯза- терроризму экстремизм муборизаи беамон бурда, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти самараноки сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
К. Калонов,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ