ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА МАРДУМОНИ САЙЁРА ТАҲДИД МЕКУНАНД!

Дар ҷомеаи имрӯза равандҳо ва зуҳуроте арзи вуҷуд доранд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад.Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон мебарад.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ташкилоти террористӣ амал мекунанд, ки дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонем яке аз кишварњо Эронро мисол оварем, ки ҳафтаи аввали мсоҳи январи соли равон дар маросими чаҳорумин солгарди қатли Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири гулзори шаҳидони Кирмон, ҷануби Эрон ду амалиёти интиҳор рух дод. Ин амали ноҷвонмардонаро ду маргталаби гурӯҳи террористии ДИИШ иҷро намудаанд. Дар натиҷаи таркиш беш 103 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шудаанд.Баробари, ин бояд қайд кард,худкушии ҳмсоротбор ба хотири ақидаҳои динӣ ва ё мазҳабӣ ҳамчун як навъи терроризм барои тоҷикон-ин зуҳуроти нав буда, 10 соли охир ба назар мерасад.Аввалини онҳо муътақидони ДИИҲ ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, ки дар Ироққу Шомн чанд сол даҳшатафканӣ карданд.Гуруҳҳои парокандаи ДИИШ гоҳҳо дар Афғонистон , кишварҳои Африко ва ҳам акнун дар Эрон авз худ дарак додаанд.Омили асосии ба ин ҳад расидан,ин албатта мағзшӯии амиқу бисёрсола мебошад.Ин афрод аз хурдӣ ба чанголи инструкторҳои созмонҳои даҳшатафкан афтода, аз 7 то 14 сол таълимот гирифта мағзбохта мегарданд. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад.
Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи терроризм ва экстремизм гирифта шавад.

М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *