Терроризм ва экстримизм хатаре ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Терроризм ва экстримизм имрӯзҳо хатари глобалӣ эҷод карда истодаанд. Ҳамакнун терроризмро метавон ба унвони “Вабои асри XXI” ташбеҳ дод, чунки он аз рӯйи қувваи харобкории худ на камтар аз ин  бемории марговар аст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои муссаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ касе ва ҳеҷ минтақае наметавонад худро дар амну амонӣ эҳсос намоянд. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба динҳо, аз ҷумла ба дини ислом робитае надорад, вале аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир шуда истодаанд. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки ин тоифа гурӯҳҳо аз тамоми воситаю имкониятҳоро истифода намуда, барои омода намудани шахсони худкуш, ҳисси бадбинӣ, нафрат, аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили ҷавонон ҷой мекунанд. Ба дараҷае таъсир мерасонанд, ки то ҳатто аз баҳри падар, модар ва зану фарзанд гузашта, даст ба кори зишт мезананд.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон сабаби асосии даст задани ба ин амали номатлуб, сангин, пеш аз ҳама, надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии ҷавонон аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари худро бадному гумнон кардан, дигаронро ба қатл мерасонанд. Ҷавонон, ки аслан ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ хос мебошад, аз ҷониби дигар аз нигоҳи иҷтимоӣ ва равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд ва ниҳоят бо осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин “ботлоқи бетаг” ғӯтавар гарданд. Роҳбарони гурӯҳҳои экстримистӣ, бо дарназардошти ҳамин шароит, талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонон аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал карда наметавонанд, балки муаммоҳои зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд. Оқибат онҳо ба гумроҳшудагон ва зархаридон табдил ёфта, ниҳоят амалиётҳои и террористӣ содир мекунад. Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ қурбон мешаванд. Муқовимат бар ин амали хатарзо яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро дар тамоми зуҳуроташ қотеънома маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд.

Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ ва экстримистӣ дар муҳити ҷамъият,алалхусус дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом додан хеле муҳим аст.Бо баробари ин муборизаи иттилоотӣ бар зидди терроризм ва экстримизм яке аз омилҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо мутаносибан дар муттаҳидсозии кӯшишҳои иттилоотӣ, чӣ дар сатҳи минтақавӣ ва чӣ дар сатҳи мамлакат, бешубҳа, метавонанд барои муваффақияту пирӯзии тадбирҳои дастаҷамъона (коллективӣ) дар роҳи таъмини амнияту осоиш мусоидат намояд.

Бинобар ин, мураббиён, омӯзгорон ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки бо дарки масъулият истиқлолияти худро бо меҳнати софдилона ва солимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшанд ва дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таҳким бахшидан ба Вахдати миллӣ саҳмгузор бошанд.

                                                                  Комилова Фарангис –унвоҷӯи кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *