ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАВФНОКТАРИН ТАҲДИД АСТ.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба монанди терроризму экстремизм ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд.

Давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун “Вабои аср” ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.Масалан дар кишвари мо собиқ Ҳизби назҳати ислом аз оғози фаъолияташ дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон такя намуда, бисёр ҷиноятҳоро содир намудааст. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. ҲНИ бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ҷиноятҳои мудҳишро амалӣ намудааст. Таҳлили сабабу шароитҳои ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда собит намуд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гардидааст. Ин ақидаву андешаҳо асосу тасдиқи худро дорад. Маслан дар барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ ва вилоят намоиш додани филми мустанад бо номи “Хиёнат” ҳадафҳои пасипардагӣ ва амалҳои содирнамудаи ТТЭ ҲНИ ба ҳамагон аёну ошкор гардида, бо далелҳои амиқ бори дигар исбот шуданд. Хулоса терроризм ва экстремизм хавфноктарин таҳдид аст.

Итминон дорем, ки бо назардошти масъалаи матраҳгардида ҷавонони кишвари мо хулосабарорӣ намуда, минбаъд дар хусуси зишти ногувор будани терроризм ва экстремизм бештар огоҳ мегарданд ва  зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили гурӯҳҳои экстремизиму терроризмро меомӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш мекунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

                                                               

                                                                 Мунаварова Д.О. -ассистенти

                                                                 кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *