ТЕРРОРИЗМ – ХАТАР БА ИНСОНИЯТ

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза бар зидди терроризм пайдо хоҳад кард. Барои аз байн  рафтани терроризм бояд дар байни ҷомеа ва ҷавонон корҳои фармонадиҳӣ аз оқибатҳои терроризм ва хатари он бояд бурд, то ки ҳушёриро ҳеҷ вақт аз даст надиҳанд.

Айни замон мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар маҷмӯъ раванди афзоиши тундгароиро дар кишвар то андозае коҳиш додааст. Аммо, ин падидаи хатарнок ҳанӯз пурра аз байн бурда нашудааст. Бояд бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зич дошта бошем, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро байни хонандагон ва донишҷӯён аз оқибатҳои терроризм ва экстремизм, оқилона истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва аз ҳар гуна пешниҳодҳои фитнаангез худро дур гирифтанро фаҳмонидан лозим аст.

Мо, аҳли омӯзгорон барои нест кардани зуҳуроти терроризм бояд аҳли ҷомеа ва хонандагону донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон тарбия намоем, то ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротгарона шомил нашаванд. Ифротгароён ҷавононе, ки дониши комил надоранд, фирефтаи суханони бардурӯғи худ мегардонанд.

Танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад, дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ дар ҳифзи амният ва ободии Ватани худ саҳми арзанда гузорад.

 

ДОНИЁРОВА М.М.,

дотсенти кафедраи

ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *